Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни таркишҳо дар Киркук афзоиш ёфт


Бар асари се таркиш дар канори қароргоҳҳои полис дар шаҳри Киркук, воқеъ дар шимоли Ироқ, беш аз 20 нафар кушта ва тақрибан 80 каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Бештари қурбониён – кормандони полисанд.

Ба иттилоъи расмӣ, таркиши аввал дар истгоҳҳои мошинҳои канори қароргоҳи полис рӯх дод ва замоне, ки кормандони полис ба ҷойи ҳодиса расиданд, як мошини ҳомили маводи тарканда инфиҷор шуд. Инфиҷори сеюм дар назди дигар қароргоҳи полис рӯх додааст.

Масъулияти ин ҳамлаи террористиро ҳанӯз ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG