Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машваратҳо дар бораи Роғун имрӯз идома мекунад


Tajikistan -- Tthe Rogun dam under construction on the Vakhsh river in Rogun, 23Feb2010
Tajikistan -- Tthe Rogun dam under construction on the Vakhsh river in Rogun, 23Feb2010
Дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон имрӯз машваратҳо доир ба тарҳи нерӯгоҳи барқи обии Роғун идома мекунад. Бонки Ҷаҳонӣ, намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистонро даъват кардааст, то дидгоҳҳои онҳо доир ба таъсироти эҳтимолии зистмуҳитӣ ва иҷтимоии нерӯгоҳи барқи обии Роғунро бидонад. Нерӯгоҳи Роғун дар сурати бунёд, қодир ба тавлиди 3,6 гигават нерӯи барқ хоҳад буд ва Тоҷикистонро аз мушкилоти бебарқӣ халос хоҳад кард. Аммо кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ мегӯянд, дар сурати бунёди садди Роғун маҷрои об ба қаламрави онҳо кам хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG