Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баёнияи вазири Амрико доир ба мудири боздоштшудаи IMF


Timothy Geithner, вазири хазонадории Амрико
Timothy Geithner, вазири хазонадории Амрико
Тимотӣ Гейтнер, вазири хазонадории Амрико мегӯяд, Доминик Страусс Кан, дар вазъе нест, ки битавонад, Сандуқи Байналмилалии Пулро идора кунад. Сиёсатмадор ва иқтисоддони фаронсавиро аввали ин ҳафта бо иттиҳоми дастдарозӣ ба номуси як зан боздошт карданд. Тимотӣ Гейтнер дар ин замина чизе нагуфт, вале афзуд, шӯрои мудирони Сандуқи Байналмилалии Пул бояд расман, мудири нави муваққатиро таъйин намояд. Ҷон Липскӣ, ҳоло вазифаҳои мудири ин ниҳоди бонуфузи молиро иҷро мекунад. Тимотӣ Гейтнер, нахустин мақоми ҳукумати Амрикост, ки доир ба ин қазия сӯҳбат кардааст.
XS
SM
MD
LG