Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳурот дар шаҳрҳои Сурия идома кард


Дар Сурия ба думболи намози рӯзи ҷумъа тазоҳуроти зиддидавлатӣ сурат гирифт. Тазоҳургарон дар шаҳри Ҳомси Сурия шиор медоданд, ки мардум мехоҳад, режимро сарнагун кунад. Давлати Сурия ба хотири монеъ шудан ба тазоҳурот сарбозону тонкҳоро дар шаҳрҳои кишвар мустақар кард. Бино ба гузоришҳои созмонҳои ғайриҳукуматии Сурия аз замони шӯруъи тазоҳуротҳо алайҳи ҳукумати раиси ҷумҳур Башшор Асад аз рӯзи 15 март, ҳудуди 700 то 850 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG