Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси OSCE ба Душанбе сафар мекунад


Audronius Azubalis зимни боздид аз шаҳри Тбилиси
Audronius Azubalis зимни боздид аз шаҳри Тбилиси
Аудрониус Ажубалис, раиси Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва вазири умури хориҷаи Литва ба хотири баррасии шеваҳои беҳтари кӯмак ба Тоҷикистон ҳафтаи оянда ба Душанбе сафар мекунад. Бино ба иттилоъи расмӣ, дар ҷараёни боздид дар рӯзҳои 16 ва 17 май, Аудрониус Ажубалис бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур, Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷа ва Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон дидору гуфтӯгу хоҳад кард. Дидор бо намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва ҷомеаи маданӣ бахше аз барномаи сафараш будааст.
XS
SM
MD
LG