Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз мухолифони Қаззофӣ дар Кохи Сафед мулоқот доранд


Давлати Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико имрӯз, ҷумъа гурӯҳе аз намояндагони мухолифони Либияро ба Кохи Сафед даъват кардааст. Кохи Сафед мегӯяд, Маҳмуд Ҷибриил ва ҳайати Шӯрои Миллии Гузори Либия бо Том Донилон-мушовири амнияти миллӣ ва аъзои Конгресси Амрико мулоқот мекунанд. Дар барномаҳом боздиди ин ҳайат мулоқот бо Барак Обама дар назар нест. Ҷибриил раиси Шӯро аст, шӯрое, ки ба давлати Муаммар Қаззофӣ мухолифат дорад. Аз сӯи дигар, Дэвид Камерон-нахуствазири Британия гуфт, вай аз шӯришиёни зидди режими Қаззофӣ даъват кардааст, ки дар Лондон намояндагии доимии худро боз кунанд.
XS
SM
MD
LG