Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи саркӯб ва куштори норозиёни режими Сурия


Дар фазои саркӯби идомаёбандаи эътирозгарони режими Башор Асад дар Сурия, ахиран дасти кам 19 нафар кушта шуданд. Рӯзи чоршанбе тонкҳо ба ҷониби маҳалҳои аҳолинишини Ҳамсу Ҳарра оташ кушоданд.

Дар Ҳалаб, ки дар наздикии марз бо Туркия воқеъ аст, мақомот намоишҳои демократии ҳудудан ду ҳазор донишҷӯро саркӯб карданд.

Сурия, ки дар муқобили маҳкумиятҳои шадиди ҷомеаи байналмилалӣ қарор дорад, эълон кардааст, ки номзадиашро аз раҳбарии яке аз созмонҳои ҳуқуқи инсони СММ берун мекашад.
XS
SM
MD
LG