Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъхири навбатӣ дар мурофиаи кӯҳнавардони амрикоӣ


Муҳокимаи парвандаи ду амрикоии муттаҳам ба ҷосусӣ дар Эрон дубора ба таъхир гузошта шуд. Мурофиаи пушти дарҳои бастаи Шон Бауэр ва Ҷош Фаттал дар додгоҳи Теҳрон имрӯз ҳамагӣ чанд соат идома кард, вале қозиён иллати таъхири навбатиашро шарҳ надодаанд. Ин додгоҳ ҳанӯз рӯзи 6 феврал шурӯъ шуда буд, вале сипас барои 3 моҳ ба таълиқ омад.
Бауэр, Фаттал ва Сара Шоурд, ки дар моҳи сентябр раҳо шуд ва ба Амрико баргашт, дар моҳи июли соли 2009 дар марзи Эрону Ироқ дастгир ва ба ҷосусӣ айбдор шуданд. Аммо онҳо ин иттиҳомро радд карда, мегӯянд, ҳангоми кӯҳнавардӣ дар Ироқ тасодуфан вориди хоки Эрон шудаанд.
XS
SM
MD
LG