Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми зиндони 13 тоҷири ҳероин дар Тотористон


Додгоҳи олии ҷумҳурии Тотористони Русия 13 нафарро бо ҷурми қочоқ ва фурӯши ҳероину афюн ба мӯҳлати аз 6 то 20 сол ба зиндон маҳкум кард. Ба гуфтаи додгоҳ, аъзои ин гурӯҳ ба қочоқи маводи мухаддир аз Тоҷикистон ба Русия машғул буданд. Додгоҳ раҳбари гурӯҳ Ҳайдар Шоевро, ки тайи камтар аз 3 соли охир тавассути бонкҳои Қазон ба Осиёи Марказӣ қариб ним миллион доллар пул фиристодааст, ба 20 соли зиндон маҳкум кард. Аммо як шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Додхобоев, ки ба таъмини ин гурӯҳ бо ҳероину афюн ва таҳвили 327 000 доллар ба Тоҷикистон танҳо дар ним соли охир айбдор мешавад, фирор карда, феълан таҳти ҷустуҷӯ қарор доштааст.
XS
SM
MD
LG