Ҳукумати Миср тасмим гирифтааст, ки минбаъд шаҳрвандони Либия барои вуруд ба Миср раводид ё визо кор надоранд. Муҳаммад Абдулҳакам-сафири Миср дар Либия ин тасмимро иқдоми башардӯстона арзёбӣ кард ва гуфт, шаҳрвандони Либия дар чунин шароити ноором дар кишварашон барои рафту омад ба сафоратхона ё консулгариҳо ба мушкил рӯ ба рӯ мешаванд. Созмони Ҷаҳонии муҳоҷират мегӯяд, 260 000 шаҳрвандони Либия ва кормандони хориҷӣ аз Либия ба Миср фирор кардаанд.