Бан Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Милал, имрӯз гуфт, “бӯҳрони нави амнияти ғизоӣ ва тағзия” дар пешорӯи кишварҳои фақиртарини ҷаҳон қарор гирифтааст. Зимни суханронӣ дар ҳамоиши сарони 48 кишвари ақибмондатарини ҷаҳон дар шаҳри Истанбули Туркия ӯ афзуд, сармоягузорӣ дар кишварҳои фақир ба эҳёи иқтисоди ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад кард. Дар ҳамоиши раҳбарони кишварҳои фақири дунё, намояндагони Тоҷикистон ҳам ҳузур доранд. Дар нишаст барномаи даҳсолаи рушди кишварҳои фақири ҷаҳон, ки даромади солонаи аҳолиашон камтар 745 долларро ташкил медиҳад, баррасӣ хоҳад шуд. Тоҷикистон дар радифи ин кишварҳост ва бо мусоидати он дар ҳошияи нишаст, конфронсе доир ба масоили об дар кишварҳои фақир баргузор мешавад.