Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасвири EUROPOL аз гурӯҳҳои ҷиноии албанизабон


Раҳбари ниҳоди муборизакунанда бо ҷиноятҳои созмонёфта дар Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, “гурӯҳҳои ҷиноии албанизабон” дар қаламрави тамоми 15 кишвари иттиҳодия фаъоланд ва хатарноктарин гурӯҳҳо маҳсуб мешаванд. Роб Вайанрайт, мудири Европол, пулиси муштараки Иттиҳодияи Аврупо рӯзи ҷумъа ба Радиои Озодӣ гуфт, гурӯҳҳои мофиёии албанӣ дар Олмону Фаронса ва Бритониё ҳам фаъоланд ва қочоқи инсон ва кокаин аз корҳои аслии онҳост. Европол чанде пеш зимни гузорише гуфт, дар сурати осон кардани муқаррароти равуо миёни кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ва кишварҳои соҳили Балкан, гурӯҳҳои ҷиноӣ низ аз он ба манфиати худ истифода хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG