Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргириҳои шадид дар Мисротаи Либия


Дар бораи даргириҳои шадиди миёни нируҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ ва нируҳои шӯришиён дар Мисротаи Либия гузориш мерасад. Сухангӯи шӯришён аз нируҳои НАТО дархост кардааст, ки дар берун аз шаҳр ба нируҳои Қаззофӣ ҳамларо оғоз кунанд. Нируҳои Қаззофӣ баъд аз водор шудан ба тарки Мисрота ва дар ихтиёри шӯришиён гузоштани он ҳоло дар атрофи шаҳр муттамарказ шудаанд. Бино ба гузоришҳо, ҳавопаймоҳои низомии НАТО дар наздикии Зинтон воқеъ дар ҷануби ғарби Троблус амборҳои муҳимоти ҳукуматиро бомборон кардаанд.
XS
SM
MD
LG