Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cозиши оштӣ миёни ҲАМОС ва Фатҳ имзо мешавад


Имрӯз дар шаҳри Қоҳира маросими идомаи имзои созиши оштӣ миёни гурӯҳҳои фаластинии ҲАМОС ва Фатҳ баргузор мешавад. Яке аз ин гурӯҳҳо навори Ғазза ва дигарӣ – Каронаи бохтарии руди Урдунро таҳти назорат доранд.

Созиш дар бораи оштӣ ҳафтаи гузашта бо миёнҷигарии Миср ҳосил шуда буд.

Қарор аст, дар маросими имзои созиши оштӣ, ки ба мухолифати чаҳорсолаи миёни ин ду гурӯҳи фаластинӣ хотима хоҳад гузошт, раҳбари Фаластин Маҳмуд Аббос ва сарвари ҲАМОС Холид Машъал ширкат кунанд. Онҳо мутмаинанд, ки оштӣ ба таъсиси давлати мустақили Фаластин мусоидат хоҳад кард.

Исроил аз созиш миёни ду гурӯҳи фаластинӣ нороҳат аст ва изҳор намудааст, ки Фатҳ миёни ҲАМОС ва Исроил бояд якеро интихоб кунад.
XS
SM
MD
LG