Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико саркӯбҳо дар Сурияро маҳкум кард


Иёлоти Муттаҳида чораҳои ҳукумати президенти Сурия, Башор ал-Асадро барои саркӯби тазҳоркунандагон дар ин кишвар “барбарона” номид. Марк Тонер, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Амрико, амалиёти ҳарбии Сурияро дар шаҳри Даръо, қатлу боздошти эътирозгарон ва қатъи интиқоли нерӯи барқ ва мухобирот ба ин минтақаро танқид кард. Дар ин байн мухолфиони ҳукумати Сурия хабар доданд, ки нерӯҳои интизомӣ акнун ба шаҳри соҳилии Банияс ворид шудаанд. Эътирозҳои густарда дар Сурия аз 18-уми март ба ин сӯ идома доранд.
XS
SM
MD
LG