Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев мехоҳад дар ҷаҳон пули ягона ҷорӣ шавад


Нурсултон Назарбоев
Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон бори дигар аз маҳофили байналмилалӣ хост, ки намунаи пули нави ҷаҳониро ба нақша гиранд. Вай имрӯз дар Остона ҳангоми ифтитоҳи Маҷмаи Ҷаҳонии Иқтисодӣ гуфт, ки ақидаи пули нави ҷаҳонӣ дар шароити кунунии молӣ дар ҷаҳон масъалаи муҳим аст ва “харитаи роҳ” дар ин замина бояд тарроҳӣ шавад. Вай гуфт, муаррефии пули нави ҷаҳонӣ кори ду-серӯза нест, вале бояд дар маҷмаи Остона ояндаи он таъйин шавад.
XS
SM
MD
LG