Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сутягин расидагии дубора ба парвандаашро мехоҳад


Игор Сутягин
Игор Сутягин
Додгоҳи Ҳуқуқи Башари Аврупо ба Русия дастур содир кардааст, то ба Игор Сутягин-донишманди рус, ки соли 2004 барои ҷосусӣ ба 15 соли ҳабс маҳкум шуда буд, 20 000 евро ҷуброн пардохт кунад. Додгоҳи Аврупо ба шикояти Сутягин расидагӣ кард. Вай гуфтааст, ки ҳукми додгоҳи Русия одилона нест ва он муқаррароти Муқовиланомаи Ҳуқуқи Башари Аврупоро риоят накардааст. Сутягин баъд аз нашри дастур гуфт:

“Акнун дафтари додситонии Русия бояд аз додгоҳ бихоҳад, ки ба парванда дубора расидагӣ сурат бигирад. Ё аз додгоҳи таҷдиди назар бихоҳад, ки ҷараёни расидагиро бозбинӣ кунад. Ҳоло додгоҳи Ҳуқуқи Башари Аврупо заминаро барои ин кор фароҳам сохтааст”.

Сутягин коршиноси назорат бар аслиҳаи ҳастаӣ мебошад ва ҳамроҳ бо 4 нафари дигар гӯё барои ҷосусӣ ба нафъи Ғарб муттаҳам шуда буданд. Вале соли гузашта яке аз ононе буд, ки бо 10 ҷосуси Русия, ки дар Амрико боздошт шуда буданд, раду бадал шуд. Ҳоло Сутягин дар Британия ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG