Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО барои раҳбарии амалиёти Либия розӣ шуд


НАТО розӣ шудааст, то фармондеҳии амалиёт ба хотири эъмоли минтақаи барои парвозҳо мамнӯъ дар фазои Либияро аз Амрико ба худ бигирад. Аммо дабири кулли НАТО Андерс фоғ Расмуссен гуфт, дигар паҳлуҳои амалиёти низомӣ алайҳи режими Муаммар Қаззофӣ дар дасти эътилофи кунунӣ хоҳад монд.
Дар ҳамин ҳол, Имороти Муттаҳидаи Араб ҷиҳати эъзоми 12 ҳавопаймо ба ҳайъати эътилофи байналмилалии зидди режими Муаммар Қаззофӣ ризоият дод.
Раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ гуфт, ин хабарро ба ӯ валиаҳди Иморот расонд. Имороти Араб баъди Қатар дуввумин кишвари арабист, ки ба эътилофи зидди Қаззофӣ дар Либия мепайвандад. Ҳамлаҳои ҳавоии эътилоф дар Либия идома дошта, нирӯҳои Амрико мегӯянд, тайи шабонарӯзи гузашта алайҳи нирӯҳои содиқ ба Қаззофӣ 14 мушаки “Томаҳавк” шиллик кардаанд.
XS
SM
MD
LG