Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

2 муҳандиси ниругоҳи Фукушимаи Ҷопон бистарӣ шуданд


Ожонси ҳастаии Ҷопон мегӯяд, аз 3 нафар коргарони ҷопонӣ, ки дар ниругоҳи ҳастаии Фукушима бо радиатсия олуда шудаанд, 2 нафараш дар бемористон бистарӣ шудаанд. Сухангӯи Ожонси амнияти ҳастаӣ ва саноатии Ҷопон мегӯяд, ки кормандони Ширкати нируи барқи Токио бештар аз меъёри маъмулӣ олудаи радиатсия шудаанд ва он хатари бемории саратонро бештар мекунад. Дар ҳамин ҳол, имрӯз муҳандисон фаъолияти худро аз сар гирифтанд, то системаи сардкунандаи реактори плутониумиро ба кор дароранд. Ниругоҳи ҳастаии Фукушима дар натиҷаи зилзилаи шадид ва сунамӣ осеби ҷиддӣ дида буд.
XS
SM
MD
LG