Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи додгоҳии Қурмонбек Боқиев идома ёфт


Имрӯз дар шаҳри Бишкек мурофиаи додгоҳии раисиҷумҳури пешини Қирғизистон Қурмонбек Боқиев ва атрофиёни ӯ аз сар гирифта шуд.

Ин мурофиа чанд рӯз пеш баъди он мавқуф гузошта шуда буд, ки пайвандони қурбониёни ҳаводиси моҳи апрели соли гузашта баъди аз сӯи додгустар рад шудани дархосташон барои ҳабси гумонбарон толорро тарк намуданд.

Аз рӯи парвандаи ҳаводиси моҳи апрели соли 2010 дар шаҳри Бишкек 27 нафар, аз ҷумла, низомиёни гурӯҳи “Алфа”, ба маҳкама кашида шудаанд. Парвандаи шаш нафари онҳо, аз ҷумла, раисиҷумҳури пешин, ғойибона бозрасӣ мешавад.

Ин афрод дар куштори мардуми осоишта гумонбар мешаванд - ҳангоми талоши пароканда кардани тазоҳургарон дар майдони марказии пойтахт 87 нафар ба ҳалокат расида, садҳо нафар ҷароҳат бардоштанд.

Ба Қурмонбек Боқиев имрӯз иттиҳоми нав эълон шуд – додситонӣ ӯро дар лағви андоз барои воридоти маводи сӯхти реактивӣ ба пойгоҳи низомии Амрико дар фурудгоҳи “Манас” айбдор намуд, ки бар асари он ба буҷаи кишвар миллионҳо доллар зарар ворид шудаст.

Раисиҷумҳури барканоршудаи Қирғизистон айни ҳол дар Белорус ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG