Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бордюжа: Хуруҷи НАТО аз Афғонистон хатар дорад


Нишасти гурӯҳи кории назди Шӯрои вазирони умури хориҷии СПАД дар масъалаи Афғонистон ба кори худ поён дод. Коршиносони кишварҳои узви СПАД дар баёнияе дар пайи хатми нишасти худ аз густариши ноамниҳо дар Афғонистон изҳори нигаронӣ намуданд ва гуфтаанд, ки авзои Афғонистон ба як таҳдиди ҷиддӣ барои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст. Ширкаткунандагон гуфтанд, дар шароити кунунӣ хориҷ намудани нерӯҳои Эътилофи байналмилал ба маънои ба оғӯши мушкилоти бузург андохтани Афғонистон ва эҷоди хатар барои ҳамаи минтақаро дорад. Дар робита бо имкони хуруҷи нируҳои эътилофи байналмиллалӣ аз Афғонистон Бордюжа гуфт:

"Ба назари ман дар шароити кунунӣ Афғонистон қодир нест ба хатароте, ки вуҷуд дорад ва таҳдид мекунад муқобила намоянд. Дар шароити кунунӣ хориҷ намудани ин нерӯҳо ин ба маънои ба оғӯши мушкилоти бузург андохтани Афғонистон ва эҷоди хатар барои ҳамаи минтақаро дорад."

Ширкаткунандагони ин нишаст гуфтаанд, бо таваҷҷӯҳ ба вазъи пешомада СПАД кӯмакҳои лозимро барои тақвияти марзи Тоҷикистон ба Афғонистон дареғ нахоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG