Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон аз се мавриди нави бемории фалаҷи атфол ба он созмон иттилоъ додаанд. Мавриди охирини беморӣ рӯзи 8 феврал сабт шудааст ва ангезандаҳои ду бемори аввалро дар озмоишгоҳи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар Маскав, таҳқиқ мекунад, ки мабодо навъи ваҳшии вируси полиомелит набошад. Дар Тоҷикистон соли 2010 бо хуруҷи бемории полиомелит ва ё фалаҷи атфол, 458 нафар ба ин беморӣ гирифтор шуда, 29 нафари онҳо даргузаштанд. Дар миёни ин 458 нафар тақрибан нисфи онҳо кӯдакони аз як то панҷсола будаанд. Ваксинзании саросарӣ алайҳи беморӣ пеши роҳи густариши фалаҷи атфол дар Тоҷикистонро гирифт.