Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши тозаи муҳандисони нерӯгоҳи Фукушима барои ..


Муҳандисони нерӯгоҳи осебдидаи барқи атомии Фукушимаи Ҷопон мегӯянд, имрӯз дигарбора саъй хоҳанд кард, то ҳарорат дар реакторҳо нерӯгоҳро бо пошидани об аз чархболҳои низомӣ поин баранд. Мизони хатарноки радиатсия ва ё ташшашӯъ дар нерӯгоҳ дирӯз нагузошт, то чархболҳо ба болопӯшҳои реакторҳои доғшуда об бирезанд. Нерӯгоҳи Фукушима Дайичӣ бар асари заминларзаи 9 дараҷаӣ ва сунамии вайронгари рӯзи ҷумъа осеб дид. Як мақоми баландпояи ниҳоди амнияти ҳастаии Амрико дирӯз гуфт, оби яке аз ҳавзҳои хунуккунии милаҳои сӯхти атомӣ дар нерӯгоҳи Фукушима хушк шудааст ва мизони радиатсия ҳам фавқуллода баланд аст. Имрӯз Юкиа Амано, мудири Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ барои ошноӣ бо корҳои ҷилавгирӣ аз фалокат дар нерӯгоҳи Фукушима Дайичӣ вориди Токио шуд. Ӯ дирӯз вазъи ин нерӯгоҳро бисёр ҷиддӣ хонд: “Авзоъ дар нерӯгоҳи Фукушима Дайичӣ бисёр ҷиддӣ аст. Иттилоъ доир ба осеб дидани реакторҳои якум дуввум ва саввуми нерӯгоҳ таъйид шуд, вале аз дирӯз то кунун тағйироти ҷиддие дар онҳо ба амал наомадааст.“ Заминларзаву сунамӣ бар изофаи ин бӯҳрон дар Ҷопон ҳазорон нафарро куштаву бенишон кард.
XS
SM
MD
LG