Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар реактори дуввуми Фукушима инфиҷор рух дод


Дар нерӯгоҳи барқи атомии Фукушима, инфиҷори дигаре ба вуқӯъ пайвастааст. Инфиҷор субҳи имрӯз дар реактори дуввум сурат гирифтааст ва коргарони нерӯгоҳ маҳалли ҳодисаро тарк кардаанд. Дар ду реактори ҳамин нерӯгоҳ, ки бар асари заминларза ва сунамии вайронгар осеб дид, рӯзи шанбе инфиҷор ба амал омада буд. Мақомоти Ҷопон мегӯянд, дар маҳалли инфиҷор мизони ташшашӯъ ва ё радиатсия аз меъёр бештар шудааст, вале на ба андозае, ки барои сиҳатии инсон хатарнок бошад. Муҳандисони Ҷопон саъй доранд, бо оби дарё реакторҳои нерӯгоҳро сард нигаҳ доранд. Аммо айни замон мақомот мегӯянд, зоҳиран милаҳои сӯхти атомӣ дар реакторҳои нерӯгоҳ гудохта мешаванд, ки паёмадҳои он метавонад фалокатбор бошад. Ҷузъиёти бештар дар идомаи барнома.
XS
SM
MD
LG