Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Амрико аз Баҳрайн ва ҳампаймонҳояш


Дар пайи ирсоли нерӯҳои кишварҳои узви Шӯрои Халиҷи Форс ба ҳрайн, ҳукумати Амрико аз ин шӯро хост аз истифодаи хушунат алайҳи тазоҳургарон худдорӣ кунад. Бо авҷ гирифтани нооромиҳо дар Баҳрайн, Шӯрои Халиҷи Форс дирӯз ба он кишвар чандсад сарбоз ва маъмури пулисро фиристод, то қароргоҳҳои ҳукуматиро муҳофизат кунанд. Ҷей Карнӣ, сухангӯи Кохи Сафед гуфт: "Мо аз ҳукумати Баҳрайн ва ҳамчунин кишварҳои узви Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс мехоҳем, хештандорӣ нишон диҳанд ва алайҳи тазоҳургарони осоишта, ки аз роҳи қонунӣ, нигарониашонро иброз мекунанд ва мехоҳанд садояшон шунида шавад, аз ҳеҷ гуна нерӯ кор нагиранд." Баъди бархӯрди хушунатбори тазоҳургарони аксаран шиъамазҳаб ва пулис дар шаҳри Манома, пойтахти Баҳрайн дар рӯзи якшанбе ҳукумати ин кишвар аз кишварҳои Шӯрои Ҳамкориҳои Халиҷи Форс кӯмак хост. Дар Баҳрайн аксарият шиъамазҳабанд ва пайваста аз табъиз аз сӯи хонаводаи салтанатии сунимазҳаби ҳоким дар кишвар шикоят кардаанд.
XS
SM
MD
LG