Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сахтарин рӯзҳои Ҷопон пас аз Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум


Наото Кан, нахуствазири Ҷопон, гуфт, кишвараш, ки ба паёмадҳои заминларза, сунамии вайронгар ва бӯҳрони шиддатгирандаи ҳастаӣ рӯ ба рӯст, сахттарин рӯзҳояш баъди Ҷанги Ҷаҳонии Дуввумро пушти сар мекунад. Наото Кан гуфт, як рӯз баъд аз инфиҷор дар нерӯгоҳи барқи атомии Фукушима, вазъ дар ин нерӯгоҳ ҳамчунон вахим аст. Ҳамчунин дирӯз Ҷопон дар нерӯгоҳи дигари барқи атомии Онагава низ, вазъи фавқуллода эълом кард, зеро дар инҷо мизони баландтар аз меъёри ташашшӯъ ва ё радиатсия мушоҳида шудааст. Айни замон пулиси Ҷопон эълом кард, ки танҳо дар вилояти Миагӣ теъдоди қурбониёни сунамӣ метавонад аз 10 ҳазор нафар бигзарад. Бо рӯшантар шудани вусъати фалокат, мақомоти Ҷопон амалиётҳои имдодиро тақвият мебахшанд. То кунун миллион нафар дар Ҷопон аз нерӯи барқ маҳруманд ва 310 ҳазор нафар ба паноҳгоҳҳои муваққатӣ интиқол дода шудаанд, ки бисёре аз онҳо ҳам нерӯи барқ надоранд.
XS
SM
MD
LG