Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тафтиши инфиҷор боз дар як реактори "Фукушима-1"


Дар Ҷопон ҳудуди 200 ҳазор нафар аз манотиқи наздик ба нерӯгоҳи ҳастаии “Фукушима-1” кӯчонида шуданд.

Дар натиҷаи заминларзаи шадиди рӯзи ҷумъа дар ин нерӯгоҳи ҳастаӣ таркиш рӯх дод. Ба гуфтаи мақомот, як бахши бино нерӯгоҳ тахриб шуд ва аммо ба болопӯши реактори якум осеб нарасидааст. Дар ин ҳодиса чаҳор тан аз кормандони нерӯгоҳ ҷароҳат бардоштанд.

Дабири кулли ҳукумати Ҷопон Юкио Эдано имрӯз изҳор намуд, ки эҳтимол меравад дар реактори сеюм низ таркиш рӯх додааст. Ӯ гуфт, "мо ҳадс мезанем, ки дар он ҳам чунин ҳодиса рӯх додааст. Барои ҳамин интиқоли об ба реактор қатъ шуд. Айни ҳол мо мехоҳем фишор ба реакторро коҳиш диҳем ва баъд дубора ба он ҷо обро интиқол диҳем".

Гуфта мешавад, сатҳи радиатсия дар гирду атрофи “Фукушима-1” аз меъёр бештар аст.

Дар ҳамин ҳол рафъи паёмадҳои заминдарза ва сунамӣ дар шимол ва шарқи Ҷопон идома дорад. Имрӯз полиси вилояти Миягӣ, воқеъ дар шарқи кишвар, хабар дод, ки теъдоди қурбониёни офати табиӣ фақат дар ҳамин минтақа шояд бештар аз 10 ҳазор нафар бошад.

То имрӯз расман ҳалокати ҳазор нафар таъйид шудааст. Беш аз панҷсад каси дигар дар рӯйхати афроди бенишон ғайбзадаанд.
XS
SM
MD
LG