Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 50 тан аз мухолифини ҳукумат дар Боку


Мақомоти интизомӣ ва амниятии Озарбойҷон рӯзи шанбе 50 тан аз мухолифини ҳукумат – ширкаткунандагони ҳамоиши эътирозии бидуни иҷоза дар шаҳри Бокуро боздошт карданд.

Ба иттилоъи раёсати полиси шаҳри Боку, 20 нафари боздоштшудаҳо дар сарпечӣ аз итоати кормандони ҳифзи тартибот айбдор мешаванд ва парвандаҳои онҳо ба додгоҳ фиристода хоҳад шуд. Афроди боқимонда баъд аз ҳушдори расмӣ озод карда шудаанд.

Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, садҳо нафар бо талаби ислоҳоти демократӣ дар майдони Фаввораҳои маркази пойтахт ҷамъ омаданд. Ва аммо ин намоиши ташкилнамудаи ҳизби “Мусавват” ба зудӣ пароканда карда шуд.

Рӯзи ҷумъа полиси Боку ҷавононеро пароканда намуд, ки мехостанд дар пойтахт ҳамоишеро зери унвони “Рӯзи бузурги мардумӣ” доир кунанд.
XS
SM
MD
LG