Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарони ИА имрӯз буҳрони Либияро баҳс мекунанд


Мулоқоти Саркозӣ бо фиристодаи чирикиҳои Либия
Мулоқоти Саркозӣ бо фиристодаи чирикиҳои Либия
Раҳбарони ИА рӯзи ҷумъа дар Брюссел буҳрони Либияро баҳс мекунанд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи шоҳидон, нирӯҳои содиқ ба Муаммар Қаззофӣ бо истифода аз ҳамлаҳои ҳавоӣ ва оташи тӯпхонаҳо бандари муҳими нафтии Рослонуфро аз дасти чирикиҳо гирифтаанд. Дар остонаи нишасти Брюссел раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ ва сарвазири Бритониё Девид Камерон дар як номаи муштарак аз ИА даъват карданд, то Шӯрои чирикиҳои Либияро ба ҳайси як нирӯи сиёсӣ бишиносад. Саркозӣ ва Камерон ҳарду аз иқдомоти низомӣ ба манзури пуштибонӣ аз чирикиҳо, бо шумули пешниҳоди минтақаи барои парвоз мамнӯъ эълон кардани ҳарими ҳавоии Либия, ҳимоят кардаанд.
XS
SM
MD
LG