Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Раҳмон тоҷирони Покистонро ба ҳамкорӣ даъват кард

Рӯзи чаҳоршанбе дар Карочӣ-шаҳри бандарии Покистон Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни мулоқоти худ бо тоҷирони покистонӣ аз онҳо даъват кард, ки дар бахшҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд. Вай барои сармоягузорӣ аз бахшҳои энержӣ, маодан, сохтмон, мухобирот, кишоварзӣ, тавлиди маводи ғизоӣ, нассоҷӣ, тавлиди лампаҳои барқӣ, ҷаҳонгардӣ ва бонкдорӣ ном бурд. Оқои Раҳмон тоҷирону соҳибкорони покистониро мутмаин сохт, ки ҳукумати Тоҷикистон аз ҳар лиҳоз ба онҳо кӯмак хоҳад кард. Дар ин мулоқот аз ҷониби Тоҷикистон 50 тоҷиру соҳибкор ширкат доштанд. Дар сӯҳбатҳо ҳамкориҳо ва сармоягузорӣ дар бахшҳои энержии Тоҷикистон бештар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Трамп бори дигар иддао кард, ки "дар интихобот тақаллуб шудааст"

Доналд Трамп

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, шаби дувуми декабр дар Фейсбук як навори 46-дақиқаӣ нашр кард ва дар он бори дигар иддаои беасосашро дар мавриди тақаллуб дар интихоботи президентии моҳи гузашта баён дошт. Вай дар ин видео гуфт, Додгоҳи олии Амрико бояд он чиро, ки барои Иёлоти Муттаҳида муносиб аст, анҷом бидиҳад ва натиҷаҳои интихоботро бекор кунад. Трамп натиҷаҳои интихоботеро, ки Ҷо Байден аз Ҳизби демократ баранда шудааст, зери суол қарор дод. Вай бо вуҷуди он ки аъзои идораи худаш ба такрор гуфтаанд, нишонаҳое вуҷуд надорад, ки дар интихобот тақаллуби густарда шуда бошад, интихоботро тақаллубӣ хонд. Рӯзи якуми декабр Вилям Барр, вазири адлия ва Додситони кулли Амрико, гуфт, санаде аз тақаллуби густурда, ки битавонад натиҷаи интихоботро тағйир диҳад, ба даст наоварданд. Интихоботи президентии Амрико рӯзи 3-юми ноябри имсол баргузор шуд.

Писари Бобоҷон Бобохонов сардори яке аз шуъбаҳои Додситонии кул таъин шуд

Бобоҷон Бобохонов даҳ сол додситони кулли Тоҷикистон буд

Фирӯз Бобохонов, писари Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли собиқи Тоҷикистон, сардори яке аз шуъбаҳои ин ниҳод таъин шудааст. Як манбаъ дар мақомоти Тоҷикистон рӯзи 3-юми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, "ӯро масъули назорати иҷрои қонунҳо дар Муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ гузоштанд".

Фирӯз Бобохонов ёздаҳ сол собиқаи корӣ дорад. Пештар дар Додситонии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва шуъбаҳои Додситонии кул ҳамчун муфаттиш кор кардааст.

Бобоҷон Бобохонов соли 2010 аз мансаби додситони кулли Тоҷикистон барканор шуд ва дар даҳ соли ахир ҳеч мансабе нагирифт. Вай соли 2018 дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки бознишаста аст.

Пас аз барканории ӯ, писараш Файзулло Бобохонов, додситони пешини Ҳисорро боздошт ва ба ҳафт соли зиндон маҳкум карданд. Вай соли 2013 озод шуд, аммо дастикам то соли 2018 "бекор буд".

Бобоҷон Бобохоновро танҳо нафаре дар ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон медонистанд, ки ду навбат панҷсолӣ раёсати Додситонии кулро ба уҳда дошт. Шахсони пеш аз ӯ дар ин мақом натавониста буданд, як навбати панҷсолиро ҳам ба анҷом расонанд.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли ҳозираи Тоҷикистон, як давраи панҷсолии корашро ба итмом расонда, моҳи январи имсол бо ризояти аъзои порлумон давраи дувуми раҳбарияшро шуруъ кард.

Давраи роҳбарии Бобоҷон Бобохонов дар Додситонии кулли Тоҷикистон бо парвандаҳои пурсарусадое, аз ҷумла алайҳи Абдуҷалил Ҳомидов, раиси собиқи вилояти Суғд, Ёқуб Салимов, вазири собиқи умури дохилӣ, Ғаффор Мирзоев, раиси пешини Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир ва Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси собиқи Ҳизби демократ дар ёдҳо хоҳад монд.

Ҳамаи номбаршудагон ба муҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуда, баъзе аз онҳо баъди адои давраи ҷазо озод ва баъзеи дигар дар маҳбас фавтидаанд. Бахши дигар давраи ҷазоро дар зиндон мегузаронанд, ҳарчанд бо тафтиши парвандаашон ва ҳукми додгоҳ розӣ нестанд.

Амрико фишорҳои иқтисодиро болои Чин бештар кард

Шинҷон

Амрико фишорҳои иқтисодии худро ба Чин, ба хотири он чӣ бадрафторӣ бо уйғурҳо ва гуруҳҳои дигари мусулмон мехонад, бештар кард. Чин ҳамагуна бадрафториро бо уйғурҳо рад кардааст.

Идораи федеролии гумрук ва ҳифзи сарҳадҳои Амрико рӯзи 2-юми декабр гуфт, бастаҳои пахтаи Чинро, ки дар минтақаи Шинҷон ва аз тарафи уйғурҳои мусулмон омода мешаванд, бозмедорад.

Ин иқдом ба зидди Xinjiang Production and Construction Corps (XPCC), ширкати вобаста ба артиши Чин аст, ки ҳудуди 30 дарсади пахтаи Чин ва тақрибан шаш дарсади пахтаи саросари ҷаҳонро тавлид мекунад.

Иёлоти Муттаҳида гуфтааст, ин ширкат мусулмонони уйғурро ба кор маҷбур мекунад. Ин ширкати шашум аст, ки маҳсулоти он аз сӯйи Амрико ба далели кори маҷбурӣ дар Шинҷон мамнуъ мешавад.

Мақомоти амрикоӣ гуфтанд, кори маҷбурӣ нақзи ошкорои ҳуқуқи башар аст, ки ба коргарон осеби ҷиддӣ мерасонад ва рақобати ноодилонаро дар ҷаҳон ба бор меорад.

Бритониё истифода аз ваксинаи зидди COVID-19-ро иҷоза дод

Акс аз бойгонӣ

Бритониё кишвари аввалине шуд, ки барои истифода аз ваксинаи зидди коронавирус иҷозат дод. Борис Ҷонсон, нахуствазири Бритониё, рӯзи 2-юми декабр гуфт, ваксинаи сохтаи Pfizer ва BioNTech аз ҳафтаи оянда дастраси умум хоҳад шуд.

Вай ин иқдомро "фавқулода" ва қадами аввал барои бозгашт ба зиндагии одӣ номид. Ширкати Pfizer дар Амрико ва BioNTech дар Олмон ҷойгиранд.

Ин ду ширкат ҳам аз ин тасмим ситоиш карданд, ки заминаи татбиқи ваксинаи зидди коронавирусро нисбат ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Амрико нахуст дар Бритониё муҳайё месозад. Алберт Бурла, мудири Pfizer иқдоми Бритониёро як лаҳзаи таърихӣ хонд.

Ӯ гуфт, ширкат талош мекунад, ҳарчи зуд як ваксинаи дорои сифати баландро ба ҷаҳониён дастрас кунад.

Pfizer, BioNTech ва ширкати амрикоии Moderna бо пешниҳоди ёфтаҳои аввалии худ аз 90 дарсад муассар ё коромад будани ваксинаҳо гузориш доданд.

Дар ҳамин ҳол, Оҷонси назорати дору дар Аврупо, ки тасдиқи ваксинаро ба дӯш дорад, рӯзи сешанбе гуфт, то охири моҳи декабри имсол дар бораи истифода аз ваксинаи сохтаи Pfizer ва BioNTech тасмим хоҳад гирифт.

Омори беморон ва ҷонбохтагон аз коронавирус дар Амрико афзудааст

Акс аз бойгонӣ

Сабти шумораи беморони коронавируси нав дар рӯзи 2-юми декабр дар Амрико бесобиқа буд ва ин кори маъмурони шифохонаву кормандони тибро бештар кард.

Дар ҳоли ҳозир дар бемористонҳои Амрико зиёда аз 100 ҳазор мубталои коронавируси нав бистарӣ ҳастанд. Рӯзи чаҳоршанбе 2773 бемор ҷони худро аз даст доданд.

Рӯзона беш аз 200 ҳазор кас дар Амрико ба коронавирус мубтало мешаванд ва дар маҷмуъ дар як ҳафта ин рақам ба 1 миллион мерасад.

Роберт Редфилд, раиси Маркази назорат ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятии Амрико, тахмин задааст, ки мумкин аст дар рӯзҳои оянда вазъ аз ин ҳам бадтар шавад. Вай афзудааст, воқеият ин аст, ки моҳҳои декабр, январ ва феврал дар Амрико душвор хоҳанд буд.

Аз оғози пандемия то кунун дар Амрико беш аз 13 миллиону 900 ҳазор кас бемор шуда, зиёда аз 273 ҳазор кас ҷони худро аз даст додаанд. Тақрибан нӯҳ миллион нафар шифо ёфтаанд.

HRW: Бо асирони арманӣ дар Озарбойҷон "бархӯрди ғайриинсонӣ мекунанд"

Шаҳри Лочин дар Қаробоғи Кӯҳӣ. 1-уми декабри 2020

Human Rights Watch (Дидбони Ҳуқуқи Башар) гуфт, сарбозони арманиасл, ки дар ҷангҳои ахир дар Қаробоғи Кӯҳӣ асир афтодаанд, дар бисёре аз мавридҳо аз сӯйи сарбозони озарӣ бо бархӯрди ғайриинсонӣ рӯ ба рӯ шудаанд. Созмон мегӯяд, онҳоро латукӯбу тавҳин мекунанд. Гузориш рӯзи 2-юми декабр нашр шуд.

Ин созмони ҳомии ҳуқуқи инсон навишт, дар видеоҳои гуногуне, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудаанд, дида мешавад, сарбозони озарӣ асирони ҳарбии арманиро бо мушту лагад мезананд.

Дар бисёре аз наворҳо асирони ҳарбии арманӣ маҷбур шудаанд, ба корҳое даст бизананд, ки тавҳин шумурда мешавад.

Онҳо маҷбур мешаванд, парчами Озарбойҷонро бибӯсанд, аз Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон ситоиш кунанд ва ба Никол Пашинян, сарвазири Арманистон дашном додаву эълон кунанд, ки Қаробоғи Кӯҳӣ ба Боку тааллуқ дорад.

Дидбони Ҳуқуқи Башар аз даҳҳо навори нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ 14 видеоро дақиқ баррасӣ намудааст. Созмон мегӯяд, ҳамчунин бо пайвандони асирон суҳбат кард.

Дар Фарғонаи Узбекистон баъди занозанӣ дар бозии футбол 6 касро боздошт карданд

Акс аз бойгонӣ.

Рӯзи 1 декабр дар варзишгоҳи "Истиқлол"-и Фарғонаи Узбекистон ҳангоми бозии футбол миёни дастаҳои "Турон" ва "Нафтчӣ" миёни бозигарону мухлисон занозанӣ сар зад.

Дар натиҷа 6 кас боздошт шуд. Дар ин бора рӯзи 2 декабр мақомоти интизомии вилояти Фарғонаи Узбекистон хабар доданд.

Шаш боздоштшуда бар асоси моддаи авбошӣ ҳангоми бетартибии оммавӣ айбдор мешаванд.

Ба ҷуз шаш тан, 5 каси дигар ҳабси маъмурӣ шудаанд.

Мақомоти пулиси Узбекистон гуфтаанд, ки ҷузъиёти бештари ҳодисар баъдтар хабар хоҳанд дод.

Аз беморхонаи нави сироятии Алмато беморонро фавран мекӯчонанд

Яке аз бемористонҳои Қазоқистон.

Баҳсҳо атрофи бунёди бемористони шаҳри Алматои Қазоқистон барои табобати мубталоёни коронавирус то рафт тундтар мешаванд. Ин бемористон бо 5 миллиард ё ҳудуди 12 миллион доллари пули буҷаи давлат бунёд шудааст.

Беморон пештар гуфта буданд, беморхонае, ки бо пули ҳангуфти буҷа бунёд шудааст, низоми гармидиҳӣ надорад ва эҳтимол дорад, рӯзҳои наздик баста шавад. Раҳбарияти беморхона дар пайи ин интиқодҳо нишасти хабариеро баргузор кард.

Дар пайи нашри шикояти беморон аз утоқҳои сарди беморхона мақомот интиқоли онҳоро ба беморхонаи нави дигари касалиҳои сироятӣ оғоз карданд. Вале ин хабарро табибони беморхона қисман тасдиқ мекунанд. Табибон мегӯянд, интиқоли беморон оғоз шудааст, вале на ба хотири сардӣ. Ба гуфтаи онҳо, гӯё беморонро ба хотири безараргардонии утоқҳои беморхона ба дигар ҷо мекӯчонанд.

Беморхонаи мазкурро моҳи апрели соли равон дар авҷи пандемияи коронавирус бо харҷи 5 млрд танга бунёд карданд.

Дар Туркманистон мубталошавии мактабхонҳо ба коронавирус афзоиш ёфтааст

Ишқобод, пойтахти Туркманистон, моҳи октябри соли 2020

Хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ дар бораи ҳолатҳои дақиқи олудашавии сокинони шаҳри Ишқобод ба коронавирус хабар медиҳад. Ба маълумоти хабарнигор, баъзе аз хонандаҳоро аз дарс рост ба бемористон мебаранд.

Хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ мегӯяд, ҳолатҳои гирифторшавӣ ба коронавирус дар миёни хонандагони мактабҳои чанд ноҳияи пойтахти Туркманистон дида мешаванд.

Чанде пеш як хонандаи мактаби рақами 32-и Ишқободро аз дарс рост ба беморхона фиристодаанд. Таби хонанда якбора баланд шуда, эҳсоси нафастангӣ ва сулфа кардааст.

Бистарӣ шудани хонандагони мактабҳои миёна бо нишонаҳои ҳамсон дар ноҳияҳои дигари Ишқобод низ дида мешаванд. Аз ҷумла, ду хонандаи мактаби рақами 42-и маҳаллаи 11-и Ишқобод ба коронавирус олудашуда, акнун дар бемористон мебошанд.

Кӯшишҳо барои дарёфти фикри мақомдорон, аз ҷумла бахши маориф ва тандурустии Ишқобод доир ба олудашудани хонандагон ба коронавирус то ҳол бенатиҷа буданд.

Мақомоти Туркманистон ҳанӯз ҳам даъво доранд, ки дар ин кишвар ягон кас ба коронавирус гирифтор нашудааст. Вале хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ 18-уми ноябри имсол хабар дод, ки хонандагони мактаби рақами 15-и Ишқобод ба коронавирус гирифтор шудаанд ва бино бар ин назорати риояи пӯшидани ниқоби тиббӣ сахттар карда шудааст.

Дабири кулли СММ: "40 млн нафар дар ҷаҳон қурбонии ғуломдории муосир ҳастанд"

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, набояд тасаввур кард, ки ғуломдорӣ ё бардадорӣ марбут ба замони гузашта аст, балки дар ҳоли ҳозир 40 миллион нафар дар ҷаҳон қурбонии ғуломдории муосир ҳастанд.

Антонио Гуттериш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид рӯзи чаҳоршанбеи 2-юми декабр бо нашри як паём дар "Твиттер" гуфт, ғуломдории муосир воқеияте аст, ки набояд ҷаҳон нисбат ба он бетараф бошад.

Ӯ афзуд, беш аз 40 миллион нафар, шомили 25 миллион инсоне, ки водор ба кори маҷбурӣ шудаанд ва 15 миллион нафаре, ки ба зӯр издивоҷ кардаанд, қурбонии ғуломдории муосир ҳастанд. Антонио Гуттериш афзуд, "71 дарсади қурбониёни ғуломдории муосир занон ва духтарон ҳастанд".

Ба гуфтаи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, бахши бузурги ин афрод аз табақаи фақир, махсусан ақалиятҳо, паноҳҷӯён ва кӯдакони коргар ҳастанд. Ҳамчунин дар ин гузориши дабири кулли СММ гуфта мешавад, ки қурбониёни қочоқи инсон ва тиҷорати ҷинсӣ, шомили ин гурӯҳ мешаванд.

Вай ҳамчунин аз истифодаи кӯдакон дар ҷангҳо изҳори нигаронӣ кард ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, ки барои ҳимоят аз ин афрод талош кунанд.

Муҳоҷирати зиёди корӣ, марду зан ва кӯдаконро ҳам ҳарчӣ бештар дар баробари истисмору сӯистифода ва аз ҷумла истисмори ҷинсӣ осебпазир кардааст.

Дабири куллии Созмони Милали Муттаҳид аз кишварҳои узв, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ тақозо кардааст, ки барои аз байн бурдани ин падида талошҳои муштарак анҷом диҳанд.

Тоҷикистон дар гузашта барои муқовимат бо қочоқи инсон ҷазоҳои сахт таъйин карда буд. Масалан бар тибқи моддаи 101-уми Кодекси ҷиноӣ барои истисмори ҷинсӣ ва истисмори меҳнатӣ дар Тоҷикистон 15-соли зиндон ҷазо таъйин шудааст.

Ҳамчунин дар Тоҷикистон махсус барои "ғуломдорӣ" ҷазо таъйин кардаанд ва ҳам барои порнографияи кӯдакона. Солҳои гузашта дар Тоҷикистон чандин парвандаи ҷиноятӣ дар робита қочоқи инсон боз шуда, чанд нафар барои "ҷалби одамон" барои истисмор", зиндонӣ шуда буданд.

Ваксинаи русии зидди COVID-19 дар СММ муаррифӣ шуд

Дар Русия то ин замон бештар аз 100 ҳазор одамро ваксинаи зидди COVID-19 задаанд. Дар ин бора вазири тандурустии он кишвар Михаил Мурашко дар ҷаласаи махсуси Маҷмаи умумии СММ хабар дод.

Сокинони Русия ваксинаи "Спутник V" гирифтаанд. Ин нахустин ваксинае аст, ки дар Русия сабт шудааст. Рӯзи 2 декабр дар СММ муаррифии ваксинаи мазкур баргузор шуд. "Иттилои ҷамъоварда далолат мекунад, ки гирифтани ваксинаи "Спутник V" афзоиши подтан ва масуниятро ба бор меорад", - гуфт Мурашко.

Кирилл Дмитриев, раиси Бунёди русии сармоягузориҳои мустақил дар ҷаласаи Маҷмаи умумии СММ гуфт, ки бештар аз 40 кишвар ба миқдори зиёда аз 1 миллиарду 200 миллион вояи ваксинаи "Спутник V" фармоиш додаанд. Дмитриев гуфт, қарор аст, дар моҳи декабр Русия барои фармоишҳои хориҷӣ 2 миллион воя истеҳсол кунад.

Владимир Путин, президенти Русия пештар хабар дод, ки шуруъ аз ҳафтаи оянда дар Русия ваксиназании умумӣ оғоз мегардад.

Ба мансадорони Узбекистон тавсия доданд, дар ҳафта як бор дучархасаворӣ кунанд

Акс аз бойгонӣ.

Сар аз 1 декабри соли ҷорӣ ба ҳамаи мақомоти давлатӣ ва муассисаҳои Узбекистон, ҳамчунин ба раисони вилоятҳо ва вакилон тавсия доданд, ки на камтар аз 1 маротиба дар ҳафта то коргоҳ бидуни мошин рафту омад кунанд ва ба ин тартиб "намунаи ибрат шаванд".

Ин тавсия дар қарори ҳукумати он кишвар "Дар бораи чораҳои иловагии пуштибонӣ аз тарзи ҳаёти солим ва боло бурдани ҳаракати физикӣ" шомил шудааст.

Бино ба қарори мазкур, 22 сентябри ҳар сол дар саросари Узбекистон "Рӯзи бидуни мошин" унвон шудааст.

Ба ҷуз ин, шуруъ аз 1 апрели соли 2021 дар шаҳракҳо, деҳаҳо, ноҳия ва шаҳрҳои Узбекистон барои пиёдагардон ва дучархасаворон "Долонҳои сиҳатӣ" сохта мешавад.

Қазоқистон ваксинаи зидди коронавирус истеҳсол мекунад

Акс аз бойгонӣ.

Дар вилояти Ҷамбили Қазоқистон бо харҷи 7 миллиард танга (16,5 млн доллар) корхонаи истеҳсоли ваксинаи қазоқии зидди коронавирус бунёд карда мешавад. Мақомоти қазоқ мегӯянд, истеҳсоли ваксина моҳи марти соли оянда оғоз мешавад.

"То охири соли равон тамоми корҳои сохтмонӣ ба поён мерасад. Моҳҳои январу феврали соли 2021 васлкунии таҷҳизотҳо анҷом хоҳад шуд. Тибқи нақша, моҳи марти соли оянда, ки қарор аст марҳалаи севуми санҷиши клиникӣ ба поён бирасад, истеҳсоли ваксина оғоз мешавад", - изҳор дошт раиси вилояти Ҷамбил Бердибек Сапарбоев.

Барои кормандони пажӯҳишгоҳи миллии таҳқиқи мушкилоти амнияти биологии Қазоқистон, ки дар корхона кор хоҳанд кард, хона месозанд.

Дар ин корхона 65 нафар кор хоҳанд кард.

Сохтмони корхонаи истеҳсоли ваксина, аз ҷумла зидди коронавирус дар ноҳияи Кордайи Ҷамбил моҳи июни соли равон оғоз шуда буд. Ба гуфтаи раиси Ҷамбил, корхона бо наздики 7 миллиард танга бунёд мешавад. Он солона аз 30 то 60 миллион моя ваксина истеҳсол мекунад. Ваксинаи истеҳсолии ин корхона дар баробари коронавирус зидди зукоми паранда ва бемориҳои дигари сироятӣ низ истифода хоҳад шуд.

Путин аз роҳбарони СПАД даъват кард, сарвазири Арманистонро пуштибонӣ кунанд

Владимир Путин ва Никол Пашинян.

Владимир Путин, президенти Русия аз роҳбарони кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) даъват кард, ки сарвазири Арманистон Никол Пашинянро пуштибонӣ кунанд.

Путин дар ин бора рӯзи 2 декабр дар ҷараёни саммити СПАД изҳори назар кард, ки тариқи онлайн баргузор шуд. Путин дар шарҳи имзои созишномаи оташбас миёни Озарбойҷон ва Арманистон гуфт, ки сарвазири Арманистон маҷбур шуд, ин созишномаро имзо кунад.

Мухолифон дар Арманистон ин тасмими Пашинянро ҳамчун хиёнат ба манфиатҳои кишвар унвон карданд. Баъди имзои созишномаи сеҷониба дар нимаи аввали моҳи ноябр дар Арманистон сокинон ба кӯчаҳо рехта, истеъфои Пашинянро талаб карданд.

Ба ҷуз аз Русия ва Арманистон Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон узви СПАД ҳастанд. Аъзои СПАД вазифадор ҳастанд, ки тамомияти арзӣ ва истиқлоли аъзои дигари созмонро ҳимоят кунанд.

Вазъ дар Қарабоғи Куҳӣ субҳи 27 сентябри соли равон якбора шиддат гирифта буд. Дар ин минтақа амалиёти низомӣ шуруъ гашт. Дар Арманистону Озарбойҷон вазъи низомӣ эълом карданд.

Низоъи Озарбойҷону Арманистон бар сари Қарабоғи Куҳӣ аз охирин солҳои мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ идома дорад. Минтақаи мазкур, ки бештари бошандагонаш арманӣ ҳастанд, дар соли 1991 эълом кард, ки аз Озарбойҷон ҷудо ва мустақил мешавад. Аммо ҳеч кадом давлати дунё ин минтақаро эътироф накард.

Муовини сарвазир сабаби маҳдудияти барқро дар Тоҷикистон норасоии об гуфт

Ҷаласаи ситоди омодагӣ ба зимистон дар Хатлон

Дар ҳоле ки масъулони ширкати "Барқи Тоҷик" беш аз як моҳ боз маҳдудияти нирӯи барқро ба таъмири дастгоҳу зеристгоҳҳо рабт медиҳанд, муовини сарвазир сабаби онро "кам будани об дар обанборҳо" номидааст.

Усмоналӣ Усмонзода рӯзи 2-юми декабр дар ҷаласае дар Хатлон инчунин гуфтааст, "зиёд шудани аҳолӣ" ва “аз меъёр зиёд истифода намудани нерӯи барқ" эҳтиёҷро ба нирӯи барқ пеш овард. Дар ин бора Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар дод.

Сокинони Тоҷикистон беш аз як моҳ инҷониб бо маҳдудият нирӯи барқ мегиранд.

Моҳи июли имсол ширкати “Барқи Тоҷик” аз камбуди об дар дарёи Вахш хабар дода буд. Силсилаи нирӯгоҳҳо дар рӯди Вахш аз тавлидкунандаҳои аслии нерӯи барқ дар кишваранд. Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҳам ба он дохил мешавад.

Ширкат он замон фурӯши барқро ба кишварҳои ҳамсоя муваққатан манъ кард, аммо масъулони “Барқи Тоҷик” бебарқиҳои ахирро ба камбуди оби дарё рабт намедиҳанд.

Масъулони ширкати "Барқи Тоҷик" аз оғози моҳи ноябр то ҳанӯз дар посух ба норозигии сокинон мегӯянд, дар кишвар лимити барқ ҷорӣ нашудааст ва ин вазъро ба таъмири дастгоҳҳо ва истгоҳу зеристгоҳҳо рабт медиҳанд.

Дар оғози моҳи октябр низ интиқоли барқ ба сокинон дар соатҳои муайян қатъ мешуд ва мақомот ин вазъро ба таъмири дастгоҳҳо рабт дода буданд. Дар моҳи апрел ҳам беш аз ду ҳафта бархе аз сокинон бо реҷа барқ гирифтанд, аммо “Барқи Тоҷик” боз ҳам мавҷудияти лимитро рад карда буд. Изҳороте, ки бисёриҳо ба он бо шубҳа менигаранд.

Марги як нафари дигар аз коронавирус дар Тоҷикистон тасдиқ шуд

Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар бораи фавти боз як нафари дигар аз коронавируси нав хабар дод, аммо ному насабашро ошкор накард. Дар умум, ба иттилои расмӣ, аз охири моҳи апрел то 2-юми декабр 87 кас аз бемории ҳамагир фавтидаанд. Радиои Озодӣ дар охири моҳи ноябр рӯйхати тақрибан 230 касро тартиб дод, ки бино бар тасдиқи пайвандон, табибон ва навиштаи расонаҳо аз бемории COVID-19 ва илтиҳоби шуш ҷони худро аз даст додаанд. Вазорати тандурустӣ мегӯяд, дар шабонарӯзи охир 38 мавриди гирифтории сокинонро ба коронавирус таъйид кардааст. Ба иттилои манбаъ, дар ҳашт моҳ 12 ҳазору 269 кас бемор шуда, зиёда аз 95 дарсади онҳо шифо ёфтаанд. Мунтақидон ба омори расмӣ шубҳа доранд. Ба бовари онҳо, мумкин аст, омори воқеӣ бамаротиб бештар бошад.

Тафтиши  иттиҳоми эҳтимолии “пора бар ивази  афв” бо ширкати Кохи Сафед  

Додгоҳи таҷдиди назари ИМА

Як санади додгоҳии рӯзи 1 декабр мегӯяд, ки Вазорати адлияи ИМА ба тафтиши қазияе шурӯъ кардааст, ки ба нақшаи порагирии сиёсӣ ба хотири афви президентӣ марбут мебошад. Санадҳои додгоҳӣ хеле таҳрир хӯрда, исми гумонбарон сиёҳ карда шудааст. Дар ин санадҳо ҳеҷ ишорае ба номи президент Доналд Трамп ваё тими ӯ дида намешавад. Вале дар ариза гап дар бораи “як нақшаи пинҳонии тарафдорӣ” аз ду нафар меравад, ки дар Кохи Сафед “мақоми баланд” доранд ва ҳадафи ниҳоиаш “афв ваё таъхир дар ҳукми додгоҳ” барои шахси беном мебошад. Гумонбарон дар нақша, ки яке аз онҳо ҳуқуқшинос мебошад, ба “сармоягузории қаблии ҳангуфт ба интихобот” ва “хайрҳои ҳангуфти сиёсӣ дар оянда” бар ивази афв ё таъхир дар содир шудани ҳукми додгоҳ ваъда додаанд. Маълум нест, ки вокуниши мақомоти Кохи Сафед ба пешниҳоди эҳтимолии пора чӣ будааст.

Берил Ҳоувелл, додраси минтақавии Вашингтон санадҳои таҳриршударо нашр карда гуфт, ки таҳқиқот аз моҳи август ба ин сӯ идома дорад. Бар асоси ин таҳқиқот, вазорати адлия маълумот дар бораи телефон, почтаи электронӣ ва маводи компютерро санҷидааст, ки дар ҷараёни амалиёти сохторҳои ҳифзи қонун мусодира гардид. Президентон дорои салоҳиятҳои васеъ дар заминаи афву бахшиши гуноҳ ҳастанд ва ин таҷрибаи маъмулӣ мебошад. Интизор меравад, ки то хатми мӯҳлати раёсатҷумҳуриаш Трамп бисёриҳоро афв мекунад ва дар миёни онҳо бархе шарикони сиёсии ӯ ҳам хоҳанд буд.

Борис Ҷонсон аз дастрас шудани воксинаи Pfizer/BioNTech истиқбол кард

Борис Ҷонсон, ки худ аз коронавирус ҷон ба саломат бурдааст, роҳандозӣ шудани воксинаи нави зидди ин бемории ҳамагирро истиқбол кард

Бритониё аввалин кишвар дар ҷаҳон мешавад, ки воксинаи сохташудаи ширкатҳои амрикоиву олмонии Pfizer ва BioNTech-ро иҷоза дода аллакай аз ҳафтаи оянда онро дастрас хоҳад кард. Нахуствазири Бритониё Борис Ҷонсон аз ин хабар ҳамчун ҳодисаи “фавқулодда” ситоиш ва изҳори умед кард, ки ин қадами аввал барои ба ҳаёти маъмулӣ баргаштани зиндагӣ мешавад. Қарори қабулшуда дар Бритониёро худи ширкатҳои дорусоз ҳам истиқбол карданд, чун воксинаи онҳо пеш аз худи ИМА ва Иттиҳоди Аврупо барои истифода иҷоза дода шудааст. Ду воксинаи сохташуда аз ҷониби ширкатҳои Pfizer/BioNTech ва Moderna дар санҷишу озмоишҳои гузашта муассирияти беш аз 90-дарсадиро ба намоиш гузоштанд. Дар ҳамин ҳол, Оҷонсии дорувории Аврупо гуфт, ки барои онҳо фурсати бештар лозим мешавад, ки иҷозаи истифодаи воксинаи нави амрикоиву олмонӣ содир шавад. Дар ин ниҳод гуфтанд, ки барои додани чунин иҷозатнома мутахассисони онҳо бояд санҷишҳои худро барпо кунанд. Бар асоси ҳамин меъёрҳо ин оҷонсӣ гуфт, ки рӯзи 29-уми декабр дар ҷаласаи худ дар бораи воксинаи Pfizer/BioNTec тасмим гирифта мешавад.

146 парвози чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон. Нархи билет бетағйир аст

Акс аз бойгонӣ

Ширкати "Сомон Эйр" эълон кард, ки дар моҳи декабр ҳавопаймоҳояш аз Русия ба Тоҷикистон 146 парвози чартерӣ анҷом хоҳанд дод. Ширкат 2-юми декабр гуфт, ин парвозҳо аз Маскаву Санкт-Петербург, Новосибирск, Екатеринбург, Қазон, Красноярск, Краснодар, Сургут ва Иркутск ба Душанбе дар назар аст. Фурӯши билетҳо дар дувоздаҳ нуқта, аз ҷумла дар фурудгоҳи "Домодедово"-и Маскав имконпазир будааст. Нархи билети парвоз 395 еврост. Бисёре аз муҳоҷирони тоҷик ин нархро "хеле гарон" медонанд. Масъулони ширкат мегӯянд, ҳоло ҳавопаймоҳо аз Душанбе ба Русия холӣ рафта, аз онҷо муҳоҷиронро меоранд ва бино бар ин, нархи билету хадамот гаронтар аст. "Дар ҳолати иҷозати иҷрои парвозҳои дутарафа (интиқоли мусофирон аз самти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия) арзиши билет коҳиш меёбад. Баъзе аз муҳоҷирон мегӯянд, мунтазири он ҳастанд, ки парвозҳои доимӣ ҳарчи зуд аз сар гирифта шавад, вале Тоҷикистону Русия дар ин замина ҳанӯз ба тавофуқ нарасидаанд.

Коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ: Дар бахши Интернет дар Осиёи Марказӣ ислоҳот зарур аст

Акс аз бойгонӣ

Пандемияи коронавирус мушкили хеле ҷиддии кишварҳои Осиёи Марказиро ошкор кардааст, ки сустии суръати Интернет яке аз онҳост. Ин мавзуъ рӯзи 2-юми декабр дар нишасти онлайни Бонки Ҷаҳонӣ мутахассисон ва иқтисоддонҳоро ба ҳам овард.

Мутахассисон мегӯянд, дар давраи пандемияи коронавирус аҳамияти пайвастшавӣ ба Интернет ва мухобироти рақамӣ авлавият пайдо кард, то ҳукуматҳову ширкатҳои хусусӣ ва шахсони алоҳида битавонанд кори худро фосилавӣ пеш баранд ё ба таҳсил идома диҳанд.

Вале ба гуфтаи Лилия Бурунчук, раиси минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ, "бӯҳрони COVID-19 вуҷуди мушкилро дар иртибототи рақамӣ дар минтақа ба намоиш гузошт". Ӯ мегӯяд, ҳамин мушкил нобаробарии иҷтимоиро дар ҷомеаҳо афзоиш дода, рушди иқтисодиро дар минтақа суст мекунад.

Бино ба арзёбиҳои мутахассисон, кишварҳое, ки дорои зербиноҳои мустаҳкам ва амалкунандаи рақамӣ ҳастанд, тавонистанд зарбаҳои манфии пандемияро ба иқтисод то нисф кам кунанд. Вале зарбаи он ба кишварҳое, ки низоми заифи мухобироти рақамӣ доранд ва то ҳол натавонистанд хадамоти давлативу иқтисодро ба ин сатҳ бароранд, хеле амиқ ва густарда будааст.

Ба навиштаи Miragenews, дар конфронси Бонки Ҷаҳонӣ номи Тоҷикистон ба унвони давлате ёд шуд, ки мизони поини дастрасӣ ба хадамоти рушдёфтаи интернетӣ дар ҳама соҳаро дорад.

Дар муқоиса бо Қазоқистон, ки ин мизон 35 дарсадро ташкил медиҳад, дар Тоҷикистон 3,1 дарсад аст (арзёбиҳои TeleGeography). Ин ҷо манзур дастрасӣ ба Интернет, истифодаи васеъ аз он дар ҳама гуна хадамот, ҳаёти иҷтимоиву маишӣ ва ҳам суръати интернети мобилӣ мебошад.

Коршиносон таъкид карданд, ки барои минтақаи Осиёи Миёна дастрасӣ ба хатҳои васеи интернетӣ як мушкили ҷиддӣ мебошад ва бо ҳамин сабаб арзиши хадамоти интернетӣ, бахусус дар деҳот баланд асту нақши интернет дар иқтисод ҳанӯз пешбаранда нашудааст.

Ширкатдорони конфронс мегӯянд, дар Осиёи Марказӣ зарурат ба ислоҳоти соҳавӣ, бахусус дар масъалаи мухобироти байналмилалӣ, монополияи ширкатҳои давлатӣ, танзими номураттаби мухобирот, набуди сохторҳои мустақили танзимкунандаи соҳа ва сатҳи поини сармоягузорӣ ба ин соҳа зарур мебошад.

Михаил Бурунчук, мутахассиси калони Бонки Ҷаҳонӣ дар ин нишаст гуфтааст, "ислоҳот дар бахши мухобирот ё соҳаи телекоммуникатсияи кишварҳои Осиёи Миёна имкониятҳои васеъро барои аҳоливу иқтисоди ин кишварҳо фароҳам мекунад".

Бино ба арзёбиҳои ӯ, ҳатто то 10 дарсад афзоиш додани мизони паҳншавии хатҳои васеъмиқёси интернетӣ барои рушди якдарсадии иқтисоди ин кишварҳо мусоидат хоҳад кард.

СММ: 400 ҳазор маллоҳ бо сабаби коронавирус дар ҳолати сангин қарор доранд

СММ дар як муроҷиаташ хостори кӯмак ба 400 ҳазор маллоҳе шудааст, ки бо сабаби коронавирус дар обҳои баҳрҳо дармонда бо сабаби маҳдудиятҳои ҷорикардаи кишварҳо барои убуру мурури марз, наметавонанд ба хонаҳои худ баргарданд. Рӯзи 1 декабр дар як қатъномае, ки дар Маҷмаи кулл қабул шуд, вале хусусияти ҳатмӣ надорад, СММ аз ҳукуматҳо тақозо кард, ки дар бозгардони маллоҳони дар обҳо дармонда ва ба ҷои онҳо ба кор фиристодани дигар гурӯҳи ҳамкоронашон иқдом бикунанд. Аз миёни 2 миллион нафаре, ки дар ҷаҳон ба ҳайси маллоҳ кор мекунанд, 400 ҳазор нафарашон ҳоло дар баҳрҳо дармондаанд. Ба панҷгонаи кишварҳое, ки шаҳрвандонашон бештар аз ҳама дар обҳо дармондаанд, шаҳрвандони Чин, Филиппин, Индонезия, Русия ва Украина номбар мешаванд ва ин маллонҳон дар киштиҳои тиҷоратӣ кор мекунанд. Ин киштиҳо 90 дарсади тиҷорати ҷаҳониро таъмин мекунанд. Пегги Виссерс, як дипломати Иттиҳоди Аврупо, ки дар Маҷмаи кулл суханронӣ мекард, гуфт, давоми моҳҳои тӯлонӣ садҳо ҳазор маллоҳон маҷбур ҳастанд дар киштиҳои худ бимонанд. “Аксари онҳо хаставу ноумед шудаанд, чун моҳҳои тӯлонӣ аст, ки бетанаффус кор мекунанд”. Дар қатъномаи СММ инчунин тақозо шудааст, ки маллоҳон ба гурӯҳи “кормандони калидӣ” шомил шаванд, чун ин мақом ба онҳо ҳақи дар навбати аввал дарёфт кардани воксинаи зидди коронавирусро фароҳам мекунад.

Омодагии ИМА ва Аврупо ба таҳияи нақшаи эмкунӣ бар зидди COVID-19

Бо афзоиши шумори гирифторони коронавирус, бархе кишварҳои ҷаҳон аз паи тарҳрезии нақшаи эмкунии аҳолӣ аз COVID-19 мешаванд. Ба истифодаи ом пешниҳод шудани маҳсули кори ширкатҳои дорусозии Moderna (ИМА) ва BioNTech/Pfizer (Олмону ИМА), мақомотро дар ИМА ва Аврупо барои таҳияи нақшаи эмкунӣ омода кардааст. Ба ҷуз Бритониё, ки рӯзи 2 декабр истифодаи воксинаи ширкатҳои олмониву амрикоиро иҷоза дод, то ҳол ҳеҷ кишваре ин воксинаҳоро расман ба қайд нагирифтааст.

Айни замон, дар як овоздиҳӣ, ки 1 декабр дар Маркази ИМА оид ба назорат ва пешгирӣ аз бемориҳо анҷом шуд, машварат шудааст, ки 21 миллион корманди тиббиву 3 миллион сокини муассисаҳои иҷтимоӣ аз коронавирус эм карда шаванд. Ин аввалин қадамҳо барои шурӯи сартосарии эмкунии аҳолии ИМА мебошад ва интизор меравад, ки дар миёнаҳои соли 2021 дастрасӣ ба воксинаҳо фаротар хоҳад шуд. Боз ҳам фикри ҳукуматҳо ин аст, ки дар навбати аввал гурӯҳҳои оҷилан ба воксина ниёздошта эм карда шаванд ва танҳо баъд қишрҳои дигари аҳолӣ, ки метавонад моҳҳои апрел то июни соли ояндаро фаро бигирад. Дар Бразилия нақшаи эмкуние қабул шудааст, ки аз чор марҳила иборат хоҳад шуд. Дар навбати аввал, мардуми бумӣ, кормандони соҳаи тиб ва аҳолии синнашон аз 75-сола боло эм карда мешаванд. Покистон барои харидории воксинаҳои нав 150 миллион доллар ҷудо кард ва гуфт, ки дар навбати аввал 5 дарсади қишри осебпазиртарини кишвар ба воксинаҳои нав эм карда мешаванд.

Як шаҳрванди Узбекистон бо гумони фиристодани ҷавонон ба Сурия боздошт шуд

Ҷангиён аз Узбекистон дар Сурия. Акс аз бойгонӣ.

Вазорати умури дохилии Узбекистон аз боздошти марде хабар додааст, гӯё бо ҷалб ва сафарбар кардани шаҳрвандони ин кишвар ба сафи гуруҳи байналмилалии террористии "Тавҳид ва ҷиҳод катибасӣ" дар Сурия машғул будааст.

Ба огаҳии вазорат, зодаи вилояти Самарқанди Узбекистон О.Х., соли таваллудаш 1996, ҳангоми дар Миср таҳсил кардан дар соли 2019 зери таъсири ақидаҳои гуруҳи террористии мазкур қарор гирифта, дар ҷалб ва сафарбар кардани шаҳрвандон ба сафи он иштирок доштааст.

Дар рафти бозҷӯӣ аз телефони мобилии гумонбар маводи гуногуне пайдо карда шудааст, ки гӯё хусусияти экстремистӣ доранд. Вале вазорат дақиқ нагуфтааст, ки сокини Самарқанд киро кай ба Сурия фиристодааст.

Додгоҳи олии Узбекистон 26 сентябри соли 2016 ҷамоати "Тавҳид ва ҷиҳод катибасӣ"-ро созмони террористӣ эълом ва фаъолияти онро дар ҳудуди Узбекистон манъ карда буд.

Дар ғарби Қазоқистон соҳибкорон бекор кардани маҳдудиятҳоро талаб доранд

Соҳибкорон дар Қазоқистон лағви маҳдудиятҳоро талаб доранд. Акс аз бойгонӣ.

Моликони марказҳои савдои шаҳри Урал рӯзи 2 декабр дар назди Департаменти назорати сифати бехатарии маҳсулот ва хидматрасониҳои вилояти Қазоқистони Ғарбӣ ҷамъ шуда, аз идома ёфтани маҳдудияти фаъолияти фурӯшгоҳҳо нигаронӣ карданд.

Ҷамъшудаҳо - ҳудуди 30 соҳибкор аз мақомоти вилояти Қазоқистони Ғарбӣ талаб карданд, ки ба фаъолияти марказҳои савдо дар рӯзҳои истироҳат ва ҷашнҳо иҷозат дода шавад.

"Бисёри одамоне, ки солҳои тӯлонӣ бо тиҷорат машғул буданд, ҳоло маҷбур шуданд, тиҷорати худро қатъ кунанд. Барои пардохти қарз, ҳаққи иҷора ва зиндагӣ пул намондааст. Эҳтимол аст, ки мо низ рӯзҳои наздик дарҳои худро бандем. Мо мехоҳем, кор кунем. Чаро дар дигар шаҳрҳо ба тоҷирон имкони савдо медиҳанд ва маҳз сардухтури беҳдоштии мо чунин қарор қабул мекунад, ки хилофи ҳуқуқи конститутсионии мост",-изҳор дошт яке аз норозиён бо номи Аслан Утепов.

Ҷамъомадагон мулоқот бо сардухтури беҳдоштии вилоятро, ки фаъолияти фурӯшгоҳҳоро манъ кардааст, талаб карданд. Вале ба ҷои ӯ ба назди эътирозгарон сардухтури беҳдоштии Урал Мадениет Танауов баромад. Ӯ гуфт, вазъи тоҷиронро мефаҳмад, вале дар ҳоли ҳозир бекор кардани маҳдудиятҳои ҷорӣ номумкин аст.

Ба гуфтаи Танауов, дар ҳоли ҳозир дар ҳудуди Қазоқистони Ғарбӣ рӯзона ҳудуди 30-40 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус ошкор мешавад ва шумори умумии ҳолатҳо ба 8 106 расидааст.

Се фаъоли маъруфи ҳуқуқи башар дар Ҳонгконг ба зиндон маҳкум шуданд

23 ноябр. Ҷошуа Вонг, Агнес Чоу ва Иван Лам барои иштирок дар эътирозҳои тобистони соли 2019 дар додгоҳ посух медиҳанд

Фаъолони демократӣ дар Ҳонгконг Ҷошуа Вонг, Агнес Чоу ва Иван Лам рӯзи 2 декабр бо қарори додгоҳе барои ташкили намоишҳои эътирозии ғайриқонунии соли гузашта ба зиндон маҳкум шуданд. Дар паи чандин моҳи эътирозҳои мардумӣ, Чин назорат бар минтақаи нимамухтори Ҳонгконгро шадидтар кард. Дар ҷараёни эътирози сокинони маҳаллӣ ва фаъолон аз он ки озодиҳои нисбии ин минтақа боз ҳам маҳдудтар мешавад, задухӯрдҳои зиёде миёни эътирозгарону полис рух дод. Вонг барои ташкилу иштирок дар эътирозҳои моҳи июни соли гузашта ба 13,5 соли зиндон маҳкум шуд. Чоу, ки барои иштирок дар эътироз ва озори дигарон гунаҳгор номида шуд, ба 10 моҳи ҳабс ва Лам ба 7 моҳи ҳабс маҳкум шуданд.

Рӯзи 21 июни соли 2019 ҳазорҳо нафар атрофи қароргоҳи полиси Ҳонгконг ҷамъ омада, бекор шудани қонуни он замон қабулшударо талаб карданд. Қонун истирдоди гумонбарон аз Ҳонгконг ба Чинро иҷозат медод.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG