Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бритониё ироаи визаҳои донишҷӯиро маҳдуд мекунад


Бритониё аз барномаи ташдиди низоми ироаи раводидаш барои донишҷӯёни хориҷӣ ҳимоят мекунад. Вазорати умури дохилаи Бритониё гуфт, барномаи коҳиши шумори визаҳои донишҷӯӣ ва эъмоли маҳдудият барои давраҳои омӯзиши забони инглисӣ ба ҳузури толибилмон дар донишгоҳҳои ин кишвар латмае ворид нахоҳад кард. Донишҷӯён тақрибан сеяки муҳоҷирон аз кишварҳои хориҷ аз ИА-ро ташкил дода, ҳамасола тавассути пардохти ҳаққи таҳсил ва масрафоти дигари худ ба будҷаи Бритониё 8 миллиард доллар даромад меоранд. Танҳо дар як соли гузашта Бритониё ба толибилмони хориҷӣ беш аз 300 000 визаи донишҷӯӣ додааст.
XS
SM
MD
LG