Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нирӯҳои Қаззофӣ марз бо Тунисро назорат мекунанд


Ожонси СММ дар умури паноҳҷӯён имрӯз гуфт, ки нируҳои мусаллаҳи ҷонибдори режими Муаммар Қаззофӣ дар Либия дар марзи миёни Либияву Тунис мустақар мешаванд ва мумкин аст аз убури паноҳандагон ба хоки Тунис пешгирӣ кунанд. Хонум Мелисса Флеминг-сухангӯи СММ дар умури паноҳҷӯён гуфт, ки рӯзи панҷшанбе танҳо 2 000 нафар аз марз ба Тунис гузаштаанд. То ба ҳол ҳар рӯз аз ин марз аз 10 000 то 15 000 нафар паноҳҷӯ мегузаштанд. Ҳилоли Аҳмар мегӯяд, ҳоло дар қаламрави Тунис ҳудуди 100 000 нафар паноҳҷӯи Либия ба сар мебарад. Онҳо баъд аз 20-ӯми феврал ба Тунис гузаштаанд.
XS
SM
MD
LG