Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррозу: Қаззофӣ - мушкили аслии Либия аст


Кишварҳои ғарбӣ фишорро болои режими Либия пурзӯртар мекунанд. Бар пояи хабарҳо, корвони киштиҳои низомии амрикоӣ аз канали Суэтс убур карда сӯи соҳилҳои Ливия ҳаракат мекунад.

Фаронса эълом дошт, ки киштии низомии «Мистрал»-ро ба хотири кӯмак дар интиқоли паноҳандагон ба минтақаҳои амн ба соҳилҳои Либия мефиристад.

Дар ҳамин ҳол Жозе Мануэл Баррозу, раиси Комиссиюни Аврупо изҳор намуд, то замоне, ки Муаммар Қаззофӣ дар саҳнаи сиёсист, дар Либия сулҳ барқарор нахоҳад шуд.

Ба гуфтаи ӯ, "аъмоли ғайри қобили таҳаммули режими Либия дар ҳафтаи ахир рӯшан кард, ки сарҳанг Қаззофӣ фақат як бахши мушкил аст ва на ҳалли он".
XS
SM
MD
LG