Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду киштии Амрико ба соҳили Либия наздик мешаванд


Ду киштии ҷангии Амрико имрӯз ба қасди соҳилҳои Либия вориди обҳои баҳри Миёназамин шудаанд. Ин ду киштӣ ҳанӯз дирӯз вориди канали Суэтс шуда буд. Ин дар ҳолест, ки ҳокими худхоҳи Либия Муаммар Қаззофӣ, ки имрӯз дар телевизиони Либия дар баробари як ҷамъи тарафдоронаш суханронӣ мекард, гуфт, ҳеҷ гоҳ истеъфо нахоҳад дод, балки “то охирин марду охирин зан” хоҳад ҷангид. Набарди нирӯҳои тарафдори Қаззофӣ бо мухолифин барои касби назорати дубора бар бандари нафтии Брега дар шарқи Либия дастикам 10 кушта ба ҷо гузоштааст.
Додгоҳи байналмилалии Ҳейг гуфтааст, фардо ба таҳқиқи рӯйдодҳои Либия шурӯъ хоҳад кард. То имрӯз беш аз 100 000 нафар тарки Либия карда, ҳазорон тани дигар дар марзи ин кишвар бо Тунис ҷамъ шудаанд.
XS
SM
MD
LG