Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли Бҳаттиро Толибон бар дӯш гирифт


Мошине, ки дар он Бҳаттиро тирборон карданд
Мошине, ки дар он Бҳаттиро тирборон карданд
Масъулияти қатли вазири Покистон дар умури ақалиятҳои динӣ Шаҳбоз Бҳаттиро Таҳрики Толибон бар ӯҳда гирифт. Бҳаттӣ, танҳо масеҳӣ дар кобинаи вазирони Покистон, имрӯз бар асари як ҳамла дар Исломобод кушта шуд. Пулиси Покистон мегӯяд, силоҳбадастон мошини Бҳаттиро дар роҳ ба сӯи кор ҳамла кардаанд. Шаҳбоз Бҳаттӣ дар ин авохир ба маҳзи мухолифаташ ба қонуни куфр аз сӯи ҷангиёни исломӣ таҳдид мешуд. Ин қонун барои тавҳин ба Ислом ҳукми қатлро пешбинӣ мекунад. Дар оғози сол волии Панҷоби Покистон аз сӯи муҳофизаш низ ба маҳзи мухолифати ӯ ба қонуни куфр кушта шуд.
XS
SM
MD
LG