Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаззофӣ ақиб нишастанӣ нест


Муаммар Қаззофӣ, ки имрӯз дар телевизиони Либия дар баробари як ҷамъи тарафдоронаш суханронӣ мекард, гуфт, “то охирин марду охирин зан” мубориза хоҳад бурд. Қаззофӣ бори дигар дар ошӯбҳои ахири кишвараш шабакаи Ал-Қоидаро айбдор кард ва НАТО ва СММ-ро ба таҳқиқи ҳаводиси Либия даъват кард. Ин дар ҳолест, ки бахши аъзами шарқи Либия таҳти назорати мухолифин қарор гирифта, нирӯҳои содиқ ба Қаззофӣ дар пойтахт, Троблус мустақар шуда, ба набардҳо идома медиҳанд. ИА имрӯз гуфт, 10 миллион евро кумаки башарӣ ва раҳбари барномаҳои имдодиаш Кристалина Георгиеваро ба Либия мефиристад.
XS
SM
MD
LG