Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи бозгашти донишҷӯёни тоҷик аз Либия


Шоми дирӯз боз як ҳавопаймо бо 34 шаҳрванди Украина ва дигар кишварҳо дар фурудгоҳи Борисполи Киев фуруд омад.

Сухангӯи вазорати умури хориҷии Украина Александр Дикусаров ба хабаргузории УНИАН гуфтааст, ки тавассути ин ҳавопаймо 13 шаҳрванди Украина ва 21 шаҳрванди кишварҳои хориҷӣ Либияро тарк намуданд.

Миёни хориҷиён ҳашт нафар шаҳрванди Сербия, ду булғор, ду хорват ва дигарон - шаҳрвандони Португалия, Руминия, Лаҳистон, Тоҷикистон ва Қирғизистонанд.

Дирӯз тавассути дигар ҳавопаймои украинӣ 15 донишҷӯи тоҷик аз Либия ба Киев интиқол дода шуданд. Онҳо аз Киев ба Маскав ва аз он ҷо ба Душанбе парвоз мекунанд.
XS
SM
MD
LG