Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Ҳушдори Ал-Моликӣ ба вазирони ҳукумати Ироқ

Тазоҳуроти мардум дар Бағдод
Нахуствазири Ироқ ба вазирони ҳукумат барои беҳтар кардани фаъолияташон сад рӯз мӯҳлат дод.

Нурӣ ал-Моликӣ дар ин бора баъд аз намоишҳои эътирозии густардаи ду рӯзи пеш бо талаби беҳтар кардани фаъолияти ҳукумат тасмим гирифт. Рӯзи ҷумъа намоишҳои эътирозӣ дар шаҳрҳони гуногуни Ироқ ба задухӯрдҳо бо нерӯҳои амниятӣ печиданд. Дар ин задухӯрдҳо дасти кам 14 нафар ба ҳалокат расиданд.

Дар нишасти кобинаи вазирон Нурӣ ал-Моликӣ изҳор намуд, ки кори ҳар вазир дар алоҳидагӣ арзёбӣ хоҳад шуд ва эҳтимол дорад, ки дар ҳукумат баъзе тағйирот сурат бигирад.

Ҳомиёни ҳуқуқи башари Ироқ талаб доранд, ки далелҳои истифодаи нерӯ алайҳи эътирозгарон тафтиш шавад.

Қарор аст намоиши навбатии эътирозӣ дар Бағдод рӯзи 4 март баргузор гардад.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

CPJ аз Узбекистон хост, таҳдидҳоро ба хабарнигорони "Озодлик" бисанҷад

Кумитаи Дифоъ аз Журналистон (CPJ) аз мақомоти Узбекистон хостааст, ки гузоришҳоро дар бораи таҳдиди куштани хабарнигорони "Озодлик", бахши узбекии Радиои Озодӣ, фавран таҳқиқ кунанд.

Созмон мегӯяд, рӯзноманигорон дар остонаи интихоботи президентии Узбекистон таҳдидҳои бешумори онлайнӣ гирифтаанд. Интихобот 24-уми октябр баргузор хоҳад шуд.

Кумитаи Дифоъ аз Журналистон, қароргоҳаш дар Ню-Йорк, 21-уми октябр дар баёнияе гуфт, мақомот бояд ба таҳдидҳои "бесобиқа ва нафратангез" ба кормандони бахши узбекии Радиои Озодӣ дар рӯзҳои охир вокуниш кунанд.

Гулноза Саид, ҳамоҳангсози Барномаи Аврупо ва Осиёи Марказии CPJ гуфт: "Ҳукумати Узбекистон бояд сарчашмаи пайдо шудани ин таҳдидҳоро таҳқиқ карда, масъулонро ба ҷавобгарӣ кашад."

Рӯзи 16-уми октябр корбарони номаълуме дар Telegram ба кормандони бахши узбекии Радиои Озодӣ даҳҳо паёми таҳдид ба марг фиристоданд.

Ин арфод кормандон ва модарони онҳоро таҳқир карда, ба сар буридану таҷовузи ҷинсӣ таҳдид намуданд ва тасвирҳои порнографӣ ё шаҳвонӣ фиристоданд.

Чунин ба назар мерасад, ки аксари ин тасвирҳо аз ҷониби ҳамон афрод ё гурӯҳ сохта шудаанд, зеро дар онҳо навиштаҳои якхела вуҷуд дорад: "Ҳадафи асосии “Озодлик” сар задани ошӯб дар Узбекистон, халалдор кардани сулҳ ва бадном кардани президенти мост."

Қирғизистон аз Туркия ва Русия ҳавопаймои бесарнишин мехарад

Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳурии Қирғизистон (байн)

Раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 21-уми октябр дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, ин кишвар аз Туркия ва Русия ҳавопаймоҳои бесарнишини навъи "Bayraktar" ва "Орлан-10Е" харидорӣ хоҳад кард.

"Мо ин техникаҳоро аз ҳисоби буҷаи давлат мехарем. Рӯзҳои наздик аз Туркия ҳавопаймои бесарнишини "Байрактар" оварда мешавад. Дар дунё танҳо 5 кишвар ин гуна силоҳ дорад, ки мо яке аз онҳо хоҳем шуд. Мутахассисони мо ҳоло дар онҷо истифодаи ҳавопаймои бесарнишинро меомӯзанд. Ҳамчунин мо аз Русия ҳавопаймои бесарнишини "Орлан-10Е" хоҳем харид. Барои ин аллакай аз буҷа пул ҷудо шудааст", - изҳор дошт раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон.

Вале Тошиев дақиқ нагуфт, ки Қирғизистон чанд то ҳавопаймои бесарнишин мехарад.

Расонаҳо моҳи июни соли равон, баъди сафари президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ба Туркия хабар доданд, ки Анқара ба Бишкек кумаки низомӣ менамояд.

Консерти зинда, аммо онлайни Ҷӯрабек Муродов дар YouTube

Ҷӯрабек Муродов

Ҷӯрабек Муродов, овозхони шинохтаи тоҷик, бори аввал шоми 22-юми октябр дар Ютюб консерти онлайн баргузор мекунад. Ӯ мегӯяд, ду соли охир ба сабаби бемории ҳамагир барномаи ҳунарӣ надошт ва аз дидори мухлисон маҳрум буд. Консерти зинда, аммо онлайн соати 8-и шом ба вақти Тоҷикистон дар Ютюб пахш мешавад. Ҷӯрабек Муродов, ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ, 79-сола аст. Соли 1942 дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба дунё омада, аз соли 1963 то соли 1992 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 1990 то 1995 вакили Шӯрои олии Тоҷикистон буд.

Навалний: Ҷоизаро ба муборизони фасод дар ҷаҳон мебахшам

Алексей Навалний

Алексей Навалний, пешвои зиндонии мухолифини Русия, тақдими ҷоизаи Сахаровро ба ӯ "масъулияти бузург" ва ҳамзамон ҳимояти ҷонибдорони мубориза бо коррупсия дар саросари ҷаҳон номид.

Вай рӯзи 21-уми октябр дар Твиттер навишт, "эҳсос мекунам, ки ин на танҳо шараф, балки масъулияти бузург аст."

"Ман танҳо яке аз онҳое ҳастам, ки бо коррупсия мубориза мебаранд. Ман коррупсияро на танҳо сабаби камбизоатӣ ва таназзули давлатҳо, балки таҳдиди асосӣ ба ҳуқуқи инсон мешуморам. Ҷоизаи худро ба ҳама муборизони фасод дар саросари ҷаҳон мебахшам", -- афзуд ӯ.

Қонунгузорони Аврупо 20-уми октябр Алексей Навалнийро барандаи ҷоизаи ба номи Сахаров эълон карданд. Сухангӯйи Кремлин гуфт, ба ин тасмим эҳтиром намегузоранд.

Ҷоизаи ба номи Сахаров аз соли 1988 ба онҳое тақдим карда мешавад, ки дар роҳи мубориза барои ҳуқуқи инсон ва озодиҳои бунёдӣ корнамоӣ кардаанд.

Дэвид Сассоли, раиси Порлумони Аврупо, дар эъломияе гуфт: "Навалний тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва маъракаҳои сиёсӣ пайваста ба зидди фасоди режими Владимир Путин мубориза мебурд. Вай ба фош кардани қонуншиканиҳо кумак кардааст. Барои ҳамин, ӯро заҳролуд карданд ва ба зиндон партофтанд."

Алексей Навалнийи 45-сола моҳи январи имсол, ҳангоми бозгашт аз Олмон, дастгир ва ба дуним сол ҳабс маҳкум шуд.

Талаби занони саршиноси афғон аз СММ дар мавриди “Толибон” 

Бинои Созмони Миллал

Як гуруҳ аз занони шинохтаи афғон аз Созмони Милал хостаанд, ба "Толибон" фишор биоварад, то ваъдаҳояшро дар бораи риояи ҳуқуқи занон иҷро кунанд.

Дар миёни ин занон, ки 21-уми октябр аз қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк дидан карданд, сиёсатмадори пешини Афғонистон ва узви ҳайати музокиракунандаи сулҳ бо "Толибон" Фавзия Куфӣ, сиёсатмадори собиқ Ноҳид Фарид, дипломати собиқ Асила Вардак ва рӯзноманигор Аниса Шаҳид буданд.

Фавзия Куфӣ ба хабарнигорон гуфт, "ҷаҳон бояд ёрӣ, пул ва ба расмият шинохтани "Толибон"-ро барои фарогирӣ ва эҳтироми ҳуқуқи занон истифода барад."

Созмони Милали Муттаҳид даъвоҳоро дар бораи он баррасӣ дорад, ки кӣ бояд дар Маҷмаи Умумӣ Афғонистонро намояндагӣ кунад.

"Толибон" сухангӯйи сиёсии худ Суҳайл Шоҳинро намояндаи Афғонистон дар Созмони Милал пешбарӣ кардаанд. Дар ҳоле, ки Ғулом Исҳоқзай, намояндаи ҳукумати барканоршудаи Афғонистон дар СММ мехоҳад, дар курсии худ бимонад.

Интизор меравад, кишварҳои узви Созмони Милал то охири имсол дар ин маврид тасмим бигиранд.

Қазоқистон гуфтугӯ бо "Толибон"-ро "оқилона" номид.

Даврон Абаев

Даврон Абаев, муовини аввали раиси дастгоҳи президенти Қазоқистон тамоси дипломатҳои ин кишвар бо намояндагони ҳукумати гуруҳи Толибон дар Афғонистонро шарҳ дод.

Ба гуфтаи ӯ, "дубора сари қудрат омадани "Толибон" дар Афғонистон сенарияи мувофиқтарин нест, вале ин гузина дар муқоиса бо баъзе гуруҳҳои дигар бадтарин ҳам намебошад".

"Толибон дасти кам ҳадафи ғасби кишварҳои ҳамсояро надоранд", - изҳор дошт Абаев дар як суҳбати телевизионии худ.

Муовини аввали раиси дастгоҳи президенти Қазоқистон гуфт, дар сурати сарнагун шудани ҳукумати Толибон дар Афғонистон дар натиҷаи мушкилиҳои иқтисодӣ касе кафолат намедиҳад, ки ба ҷои он гуруҳи ифротитар, ба монанди гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" сари қудрат намеояд. "Агар аз ин нигоҳ назар кунем, пас гуфтугӯ бо "Толибон" оқилонатар аз онест, ки накунем", - афзуд Абаев.

Ҳайати Қазоқистон бо роҳбарии Ержан Қозихон, намояндаи махсуси президенти Қазоқистон нимаи дувуи моҳи октябр бо сафари расмӣ ба Кобул рафт. Қозихон бо намояндагони ҳукумати Толибон Абдулғанӣ Бародар ва Амирхон Муттақӣ мулоқот кард.

Қазоқистон ваъдаи кӯмаки панҷ ҳазор тонна ордро ба Афғонистон додааст. Ҷониби Қазоқистон ҳамчунин гуфтааст, омода аст, ки ба Афғонистон воксини зидди коронавирус - QazVac-и истеҳсоли Қазоқистон ирсол кунад.

Байден: ИМА дар сурати ҳамлаи Чин Тайванро ҳимоят мекунад

Ҷо Байден

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, агар Чин ба Тайван ҳамла кунад, Вашингтон тасмими қотеона дорад, ки аз он ҳимоят кунад.

Рӯзноманигорон дар вохӯрие дар Балтимор аз Байден пурсиданд, ки эҳтимоли кумаки Амрико ба Тайван дар сурати ҳамлаи Чин вуҷуд дорад? Раисҷумҳури Амрико дар посух гуфт, "бале, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико вазифадор аст, ки ин корро анҷом диҳад".

Баъди он, ки эълом шуд Тайван ба як паймони тиҷорӣ пайвастааст, 24 ҳавопаймои ҷангии Чин вориди ҳарими ҳавоии ин кишвар шуданд.

Вазири дифои Тайван ҳушдор дод, ки таниш бо Чин дар минтақа ба болотарин ҳади худ дар 40 соли гузашта расидааст. Ӯ ҳамчунин ҳушдор дод, Чин метавонад дар соли 2025 ба таври комил Тайванро ишғол кунад.

Боздошти "тарафдорон"-и Рамазон Қодиров дар Туркия

Рамазон Қодиров аз чап

Мақомоти Туркия чаҳор шаҳрванди Русия, як украинӣ ва як шаҳрванди Узбекистонро бо иттиҳоми “ҷосусии низомӣ ва сиёсӣ” дастгир кардаанд.

Ба гуфтаи мақомот, ин афрод мехостанд, мунтақидони Рамазон Қодиров, раиси ҷумҳурии Чеченистонро аз байн бибаранд.

Додситони кулли Туркия 20-уми октябр гуфт, ин афрод 8-уми октябр дар шаҳрҳои Анталия ва Истанбул боздошт шуданд. Ба гуфтаи додситон, онҳо ҳамчунин мехостанд, дар Туркия силоҳ бихаранд.

Мақомоти Русия ҳанӯз ин хабарро шарҳ надодаанд.

Дар чанд соли гузашта чанд мухолифу мунтақидони Рамазон Қодиров дар хориҷа ҳадафи ҳамла қарор гирифтаанд.

Сарнавишти бештар аз 200 фирории афғон дар Узбекистон норушан аст

Сарнавишти бештар аз 200 афғонистонӣ, ки дар Узбекистон паноҳ бурдаанд, норӯшан боқӣ мондааст. Онҳо наметавонанд, дар Узбекистон монанд ва наметавонанд, ки ба кишвари худ баргарданд ё ба кишвари севум раванд.

Муҳаммадқосим Низомӣ, яке аз фирориён гуфт, миёни онҳо афроде ҳастанд, ки дар мақомоти қудратӣ, низоми додгоҳӣ ва додситонии ҳукумати пешини Афғонистон кор мекарданд.

Ҳамаи онҳо бо визаҳои муваққат вориди Узбекистон шуда, ҳамакнун муҳлати будубошашон ба поён расидааст.

Мақомоти расмии Узбекистон ин хабарро шарҳ надодаанд.

Бархе аз дигар афғонистониҳои фирорӣ мегӯянд, мақомоти Узбекистон ба онҳо паём додаанд, ки сарфи назар аз ба поён расидани муҳлати будубошашон, бидуни ташвиш дар Узбекистон боқӣ монанд.

Аммо дар ҳамин ҳол, афғонистониҳои паноҳбурда гуфтанд, яке аз фирориёнро ҳафтаи пеш мақомоти Узбекистон бо ҷурми вайрон кардани қоидаҳои будубош ҷарима ва аз он кишвар ихроҷ кардаанд.

Равуои фаъолонро дар Узбекистон маҳдуд кардаанд

Алексей Гаршин, блогнависи маъруфи узбекистонӣ ва фаъоли сиёсӣ, ки истироҳатгоҳи "Шоввозсой"-и марбут ба президент Шавкат Мирзиёевро ошкор карда буд, гуфт, муваққатан Узбекистонро тарк кардааст.

Вай гуфт, дар остонаи интихоботи президентӣ дар Узбекистон, ки қарор аст, 24-уми октябр баргузор шавад, мақомот фишор болои фаъолони сиёсӣ ва мунтақидони ҳукуматро бештар кардаанд.

Гаршин ягона фаъоле нест, ки аз фишорҳо шикоят мекунад. Елена Уралева, роҳбари Эътилофи ҳомиёни ҳуқуқ дар Узбекистон низ гуфт, ба вай ва ҳамкоронаш аз мақомот ҳушдор расидааст, ки дар остонаи интихобот ба кӯча набароянд.

Клара Сахарова, фаъоли дигар аз шаҳри Тошканд гуфт, сарфи назар аз он ки вай хилофи қонун амал намекунад, ӯро таҳдиди зиндон кардаанд.

Созмонҳои байналхалқӣ ахиран Узбекистонро барои "ислоҳоти нокомил"-и Шавкат Мирзиёев танқид карданд.

Русия эҳтимол "Толибон"-ро аз рӯйхати гуруҳҳои террористӣ берун кунад

Абдусалом Ҳанафӣ, муовини раиси ҳукумати Толибон дар Маскав

Президенти Русия Владимир Путин ҳангоми суханронӣ дар нишасти мубоҳисавии Валдай гуфт, Маскав барои хориҷ шудани номи гуруҳи Толибон аз рӯйхати созмонҳои террористӣ талош хоҳад кард.

Вале ӯ ҳамзамон қайд кард, ки ин корро нахуст бояд Шӯрои амнияти Созмони миллал анҷом диҳад.

Мақомоти рус ҳукумати гуруҳи Толибонро дар Афғонистон расман эътироф намекунанд, вале бо намояндагони он дар Маскав пайваста мулоқот мекунанд. Аз ҷумла, 20-уми октябр дар пойтахти Русия нишасте бо ҳузури Толибон баргузор шуд, ки дар он мақомоти Чину Покистон ва ҳашт кишвари дигар иштирок карданд

Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров дар ин нишаст гуфт, сарфи назар аз мақоми ҳукумати гуруҳи Толибон дар арсаи байналмилалӣ бояд бо онҳо ҳамкорӣ кард.

Толибон, ки фаъолияташ дар аксар кишварҳо мамнуъ аст, ду моҳ пеш назорат бар Афғонистонро ба даст гирифт ва дар ин кишвари ҳамсояи Тоҷикистон "иморати исломӣ" ташкил дод. То ин дам ҳеч кишвар ҳукумати "Толибон"-ро ба расмият нашинохтааст.

Дар нишасти Маскав ин талаб садо дод, ки ҳукумати нави Афғонистон бояд "иборат аз намояндагони ҳама гуруҳҳои қавмиву динӣ ва сиёсӣ" бошад. Ин андешаро аз оғоз мақомот дар Тоҷикистон ҳам баён карда буданд.

Муҳокимаи як мард бо гумони таҷовуз ва қатли духтари 9-сола дар Хатлон

Дар вилояти Хатлон муҳокимаи марде оғоз шудааст, ки ба таҷовуз ва қатли як духтари 9-сола гумонбар аст.

Хабаргузории “Азия-Плюс” 20-уми октябр бо такя ба манобеи худ дар Додгоҳи вилояти Хатлон навишт, мурофиаи Рустам Болтахонов, сокини ноҳияи Хуросон, чанд рӯз боз идома дорад.

Дар хабар омадааст, марди муттаҳам 18-уми августи имсол дар ҳолати мастӣ духтари ноболиғро таҷовуз карда, сипас куштааст.

Таҷовузи ноболиғон дар Тоҷикистон аҳёнан расонаӣ мешавад. Дар ним соли охир бори дувум аст, ки чунин ҳодиса рӯй медиҳад.

Дар оғози ҳафтаи ҷорӣ як сокини ноҳияи Рӯдакиро бо гуноҳи таҷовуз ва қатли духтари 8-сола ба ҳабси якумрӣ маҳкум карданд.

"Чор моҳ аз хона набароед." Тартиби нав барои калонсолон дар Маскав

Русия ҳафтаҳои охир аз мавридҳои зиёди гирифторӣ ба коронавирус ва талафот аз он хабар медиҳад

Дар Маскав, ки коронавируси нав босуръат доман паҳн мекунад, раиси шаҳр амр додааст, ки шахсони аз 60-сола боло ва эмнашуда чаҳор моҳ аз хона берун наоянд.

Рӯзи 21-уми октябр дар тамоми Русия бештар аз 1000 нафар аз бемории COVID-19 фавтида, вирус ба бештар аз 36 000 нафар сироят кардааст.

Сергей Собянин, мири Маскав, гуфт, аз 28-уми октябр маҳдудиятҳои наве дар шаҳр эълон мешавад ва фақат фурӯшгоҳҳои хӯрокворӣ ва дорухонаҳо боз мемонанд.

Пештар аз ин, 20-уми октябр, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия фармон дод, ки аз 30-юми октябр то 7-уми ноябр дар ин кишвар рӯзҳои ғайрикорӣ эълон шавад, вале ба коргарон музди корашонро бидиҳанд.

Ҳукумати Русия гуфтааст, ки сабаби зиёд шудани теъдоди гирифторони коронавирус маъракаи сусти эмкунӣ дар байни аҳолӣ аст.

Саршумори морхӯр ва хуки ваҳшӣ дар Тоҷикистон афзудааст

Кумитаи омори Тоҷикистон мегӯяд, саршумори морхӯр, яке аз ҷонварҳои зебои кишвар дар солҳои гузашта афзуда ва дар соли 2020 ба бештар аз 4150 сар расидааст.

Дар маълумотномаи “Муҳити зисти Тоҷикистон”, ки Кумитаи омор ҳамин ҳафта нашр кард, омадааст, соли 2016 дар Тоҷикистон фақат 850 морхӯр вуҷуд дошт.

Ин ҷонвари зебо дар Китоби сурхи байнулмилалӣ ва ҳам Китоби сурхи Тоҷикистон шомил карда шудааст ва шикори он бо иҷоза сурат мегирад.

Ба гуфтаи табиатшиносони тоҷик ва ҳам Иттиҳодияи Байналмилалии Муҳофизати Табиат, хатари аслӣ ба ҷони морхӯрҳо дар Тоҷикистон, шикори ғайриқонунӣ ва бемориҳои сироятист.

Омори ҷолиби дигар дар ин маълумотнома дар бораи саршумори хуки ваҳшӣ ва ё гуроз дар Тоҷикистон аст, ки дар соли 2020 аз марзи 12600 сар гузаштааст, ки дар муқоиса ба 5 соли пеш қариб 3 ҳазор сар зиёдтар аст.

Дар Тоҷикистон ба далели мазҳабӣ гӯшти хуки ваҳширо намехӯранд, аз ин ҷиҳат шикори он бисёр кам сурат мегирад ва саршумори онҳо назар ба дигар ҷонварон босуръат зиёд мешавад.

Аз Чин хостанд, ки роҳи нозиронро ба Шинҷон кушояд

Урдугоҳи бозтарбия

43 кишвари дунё аз ҳукумати Чин хостаанд, нозирони ҳуқуқи башаррро ба Вилояти Шинҷон роҳ бидиҳад. Дар ин минтақаи Чин як миллион ақаллияти уйғур ва мусулмонҳои дигарро дар урдугоҳҳои бозтарбия нигаҳ медоранд.

Эъломия 21-уми октябр имзо шуд. Дар он аз Чин хоста шудааст, ба нозирони мустақил, аз ҷумла масъули ҳуқуқи башари Созмони Милал фавран иҷоза бидиҳад, ки вазъро дар Шинҷон таҳқиқ кунанд.

Баёнияи муштаракро Фаронса дар Созмони Милал хонд ва Амрикову кишварҳои Аврупо ва Осиё имзо кардаанд.

Дар баёния омадааст, дар Чин бо уйғурҳо рафтори ғайриинсонӣ сурат мегирад, онҳоро бо зӯр безурёт мекунанд ва волидонро аз фарзандонашон ҷудо мекунанд.

Сафири Чин дар Созмони Милал, Жан Йун, гуфт, ин ҳама “дурӯғ ва як дасисае барои осеб расондан ба Чин аст.”

Дар вилояти Шинҷони Чин, ки ҳаммарз бо Тоҷикистон аст, гуруҳе аз тоҷикон ҳам зиндагӣ мекунанд. Чин солҳои пеш мегуфт, урдугоҳҳои бозтарбияро барои пок кардани ақидаҳои ифротӣ аз мағзи мардум сохтааст.

Сел дар Непал. 101 кас ҷон бохта, 40 нафар бенишон шудаанд

Акс аз бойгонӣ

Аз аввали ҳамин ҳафта Непал шоҳиди омадани сел ва кӯчиши зиёди хок шуд ва дар натиҷа 101 нафар ҷон доданд.

Мақомот гуфтанд, ки 40 нафари дигар бенишон шудаанд ва ҷустуҷӯи онҳо идома дорад. Дар ин кишвари ҳаммарзи Ҳинду Чин боронгариҳои зиёд идома дорад.

Бештар аз ҳама қисматҳои ғарбу шарқи кишвар осеб дидаанд. Даҳҳо хонаву роҳ ва киштзорҳои васеъ нобуд шуданд. Дар Ҳинд ҳам боронгариҳои зиёд мушоҳида мешавад ва хабаргузориҳо аз даҳҳо кушта хабар медиҳанд.

Як намояндаи Қирғизистон гуфт, роҳи донишҷӯёни тоҷикро кушоданд

Донишҷӯёни тоҷик, ки дар Қирғизистон таҳсил мекунанд

Як намояндаи ҳукумати Қирғизистон хабар дод, ки роҳи донишҷӯёни тоҷик барои таҳсил дар он кишвар боз шудааст.

Эдил Байсалов, муовини раиси Девони вазирони Қирғизистон, 21-уми октябр дар Твиттер навишт, "иҷозаи вуруд ба донишҷӯёни тоҷик яке аз тасмимҳои аввали Девони нави вазирон аст" ва онро "пули мустаҳками дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии байни халқҳои бародар" номид. Вале ҳукумати Қирғизистон дар ин бора расман хабар надодааст.

Мушкили донишҷӯёни тоҷик барои рафтан ба Қирғизистон моҳи майи имсол ва пас аз задухӯрди хунин дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон оғоз шуд.

Баъди ин ҳодиса, ки аз ду ҷониб даҳҳо куштаву захмӣ ва хонаҳои сӯхтаву вайрон ба ҷо гузошт, Қирғизистон сарҳади худро ба рӯйи шаҳрвандони Тоҷикистон баст.

Як гуруҳ аз донишҷӯёни тоҷик рӯзи 20-уми сентябри имсол дар назди сафорати Қирғизистон дар Душанбе ҷамъ шуда, боз шудани роҳро хостанд. Онҳо гуфтанд, пули таҳсилро дар донишгоҳҳои Қирғизистон супоридаанд ва дар сурати ҳозир нашудан ба дарсҳо эҳтимол ронда шаванд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, бахши зиёди донишҷӯёни тоҷикро баъди бозгашт аз Қирғизистон барои таҳсил дар донишгоҳҳои кишвар ҷой карданд.

Тибқи омори мақомоти Қирғизистон, дар соли хониши 2020-2021 дар он кишвар тақрибан 2 ҳазор донишҷӯи тоҷик таҳсил мекарданд. Шумораи донишҷӯёни қирғиз дар Тоҷикистон 105 нафар будааст.

"Ҳосили гандум дар Қазоқистон кам шуд", вале нархи орд дар Тоҷикистон афзуд

Болоравии нархи орд сокинонро ба ташвиш овардааст

Масъулони Вазорати кишоварзии Тоҷикистон сабаби болоравии нархи ордро дар кишвар ба “кам шудани ҳосили гандум дар Қазоқистон” пайванд доданд. Онҳо ҳамзамон гуфтанд, ба арзон ё дар як сатҳ нигоҳ доштани қимати орд талош мекунанд.

Дар як моҳи охир нархи орд дар Тоҷикистон боло рафта, як халтаи 50-килоии он қариб ба 300 сомонӣ расидааст.

Абдуқодир Ятимов, масъули Вазорати кишоварзӣ, ба хабаргузории давлатии “Ховар” гуфтааст, Тоҷикистон "танҳо 50-60 фоизи сокинони мамлакатро бо гандуми ватанӣ таъмин менамояд ва боқимонда аз воридот вобастагӣ дорад."

Ӯ сабаби гарон шудани нархи ордро “камбориш омадани сол ва кам шудани ҳосили гандум дар Қазоқистон” номидааст.

Тоҷикистон гандумро асосан аз Қазоқистон ва як миқдори камтарро аз Русия меорад. Ба гуфтаи мақомот, барои таъмини мардуми Тоҷикистон солона 700 ҳазор тонна орд лозим аст.

Пештар мақомот аз ҳисоби захираҳои давлатӣ талош карда буданд, нархи маҳсулоти ниёзи аввалро муътадил нигоҳ доранд, аммо мутахассисон мегӯянд, ин чиз барои танзими нарх кофӣ нест.

нархи сӯзишворӣ ҳам дар кишвар боло рафтааст
нархи сӯзишворӣ ҳам дар кишвар боло рафтааст

Аъзои порлумон моҳи марти имсол Оҷонси захираҳои моддии давлатиро ҳангоми овардани маҳсулоти хӯроквориву сӯзишворӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (НДС), аксиз ва боҷи гумрукӣ озод карданд.

Вакилон гуфтанд, додани ин имтиёз барои муътадил нигоҳ доштани арзиши маҳсулоти ғизоӣ ва сӯзишворӣ мебошад. Ин тасмим баъдан норозигии баъзе аз ширкатҳои дигарро ба миён овард.

Орд маҳсулоти асосӣ барои ҳар оилаи тоҷикистонӣ аст ва болоравии нархи он ба буҷаи хонаводаҳо таъсир мерасонад. Аммо фақат нархи орд нест, ки дар ҳафтаҳои охир боло меравад.

Қимати сӯзишворӣ ҳам дар ду моҳи охир ба таври камсобиқа баланд рафт. Мақомот сабаби гарон шудани маводи сӯхтро ба гарон шудани қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ рабт доданд. Баъди боло рафтани нархи сӯзишворӣ, роҳкиро ҳам дар кишвар қимат шуд.

Туркманистон: пеш аз сафари писари президент сагҳову гурбаҳоро нобуд мекунанд

Дар вилояти Туркманбошии Турканистон пеш аз сафари Сардор Бердимуҳаммадов, писари президент Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов шаҳрвандони "ғайри қобили эътимод"-ро боздошт ва сагҳову гурбаҳоро мепарронанд.

Дар ин бора сокинони Туркманобод хабар доданд.

Санаи сафари Бердимуҳаммадови хурдӣ ба Туркманобод маълум нест, аммо мақомоти маҳаллӣ барои ин сафар ҷиддан омодагӣ мебинанд.

Сардор Бердимуҳаммадов ноиб-сарвазири Туркманистон аст ва ҳамзамон чанд вазифаи дигар дорад.

Дар Қазоқистон мехоҳанд, рӯзноманигоронро аз инъикоси муҳокимаҳои додгоҳӣ маҳрум кунанд

Дар порлумони Қазоқистон тарҳи қонуни тағйиру иловаҳо ба қонуни низоми додгоҳӣ ва мақоми судяҳо баррасӣ мешавад.

Яке аз иловаҳо пешниҳоди манъи инъикоси муҳокимаҳои додгоҳӣ аз сӯи расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ аст, хабар медиҳад сомонаи Informburo.kz.

"Касе ҳақ надорад, дар шабакҳои иҷтимоӣ ва ё расонаҳо дар бораи парвандаҳое иттилоъ нашр кунад, ки ҳанӯз қуваи қонунӣ нагирифтаанд", - пешниҳод шудааст дар тарҳи иловаҳо ба қонун. Дар ин бора вакили мудофеъ Гулнора Сулаймонова хабар дод, ки дар ҷараёни муҳокимаи тарҳ ширкат дошт.

Нурлибек Ожаев, муаллифи тарҳ ва вакили порлумони Қазоқистон гуфтааст, қабули ин пешниҳод имкон медиҳад, ки афкори манфии иҷтимоӣ шакл нагирад ва ба додгоҳҳо фишор оварда нашавад. Ҳарчанд ин тарҳ дар баррасии аввал рад гардидааст, аммо Ожаев гуфтааст, дар таҳрири нав онро дубора пешниҳод хоҳад кард.

Бархе аз коршиносон гуфтанд, қабули ин тағйиру иловаҳо имкон медиҳад, ки қонунвайронкунӣ аз сӯи тафтишот ва додситониҳо пинҳон боқӣ монад.

Мудири театр баъди рӯнамоии китоби Назарбоев ҷарима шуд

Мудири театри ба номи Абайи шаҳри Алматои Қазоқистон Тоир Каратаев наздики 1,5 ҳазор доллар ҷарима шуд.

Дар он театр рӯзи 16-уми сентябр, дар давраи манъи баргузории чорабиниҳои оммавӣ дар робита ба паҳншавии вабои коронавирус, маросими рӯнамоии китоби Алия Назарбоева, духтари хурдии президенти пешини Қазоқистон баргузор шуда буд.

Дар бораи ҷаримаи мудири театр сарпизишки беҳдоштии шаҳри Алмато Жандарбек Бекшин хабар дод. Бекшин пештар аз ин гуфта буд, ки маросими рӯнамоии китоб "бидуни вайрон кардани тартибот" баргузор шудааст.

Академики тоҷик дар 55-солагӣ дар Маскав даргузашт

Ҳикмат Муъминов

Ҳикмат Муъминов, муовини пешини раиси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, рӯзи 21-уми октябр дар 55-солагӣ дар Маскав даргузашт. Доктори илмҳои физика ва математика аз бемории саратон муолиҷа мегирифт. Муъминов соли 1988 бахши физикаи Донишгоҳи ҳозираи миллии Тоҷикистонро хатм карда, соли 1996 доктор ва соли 2017 академик шуд. Барандаи ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ ва Аълочии маорифи Тоҷикистон аст. 6 монография ва зиёда аз 300 мақолаи илмӣ навиштааст. Як муддат мудири Пажӯҳишгоҳи физикаю техника буд. Аз соли 2017 то 2020 дар мансаби муовини президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон кор кардааст.

Сӯхтор дар бозори "Баракат". ВИДЕО, АКС

Сӯхтор дар бозори "Баракат", шоми 21-уми октябри 2021

Ба иттилои хабарнигори Радиои Озодӣ, шоми 21-уми октябр бозори масолеҳи сохтмонии "Баракат" дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд сӯхтааст.

Бозор дар шоҳроҳи Хуҷанд-Конибодом ҷойгир аст. Иллати оташ гирифтанаш ҳанӯз маълум нест. Масоҳати сӯхторро беш аз як гектар тахмин мезананд. Дар ин бозор соли 2018 низ сӯхтор сар зада буд.

"Чанд мошини оташнишонӣ аз минтақаҳо омадаанд. Баъзе аз савдогарон низ ба онҳо ёрӣ мекунанд ва борҳояшонро аз дохили дӯконҳо берун мекашанд. Асосан растаҳои тахтафурӯшӣ ба коми оташ рафтанд", -- иттилоъ дод хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақа.

Навор аз ҷои ҳодиса: Сӯхтор дар Хуҷанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:12 0:00

Оташ гирифтани бозорҳо дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон солҳои охир зиёд иттифоқ меуфтад.

Мақомот дар чанд ҳолат гуфтанд, ки риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ сабаби оташ гирифтани бозорҳо шудааст, аммо дар ҳама ҳолат ҷуброни зиёни расида ба соҳибкорон ва барқарор кардани тиҷорати онҳо аз масъалаҳои баҳсбарангез мондааст.

Тоҷирон дар баъзе маврид ҳолатҳои барқасдона оташ зада шудани бозорҳоро аз эҳтимол дур намедонанд.

Акс аз ҷои ҳодиса:

Зани бордори афғонро аз бемористон дубора ба осоишгоҳи канори Душанбе бурдаанд

Акс аз бойгонӣ

Халабон (пилот)-и ҳомилаи афғонро, ки 6-уми октябри имсол ба як бемористони канори Душанбе бурда буданд, пас аз ташхису табобат дубора ба осоишгоҳ, макони нигаҳдории даҳҳо халабони фирорӣ, овардаанд.

Дар миёни 143 халабон (пилот)-и фирории афғонистонӣ, ки дар осоишгоҳе дар канори Душанбе нигаҳдорӣ мешаванд, ду зан низ ҳаст. Яке аз онҳо дар моҳи нӯҳуми бордорӣ қарор дорад. Онҳо пас ишғоли Кобул ба Тоҷикистон омадаанд.

Халабон (пилот)-и ҳомилаи 27-сола, ки аввали моҳи октябр барои ташхису табобат ба як таваллудхонаи наздик ба Душанбе интиқол ёфта буд, дубора бо ҳамроҳонаш пайваст. Яке аз ҳамроҳони ӯ 21-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт: "Пас аз он ки пизишкон мутмаин шуданд, ба ҷони зан ва тифли батнаш хатаре нест, ӯро ба назди мо оварданд. Ҳоло дар интизори ба дунё омадани тифлаш аст."

Макони нигаҳдории халабонҳои афғон ва номи онҳо бо далелҳои амниятӣ нашр намешавад. Онҳо ду ҳафта пеш дар суҳбат бо хабарнигорони Радиои Озодӣ аз вазъи нохубашон шикоят доштанд.

Гуруҳи 143-нафарии нозирону танзимгарони парвоз, муҳандисони ҳавопаймоҳо ва халабонҳои тамриндида аз ҷониби Амрико 15-уми августи имсол аз Афғонистон ба шаҳри Бохтари Тоҷикистон фирор карданд. Онҳоро 1-уми сентябр ба як осоишгоҳи канори Душанбе оварданд.

Яке аз халабонҳои фирории афғон, ки нахост, номаш бурда шавад, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, онҳо бо 17 ҳавопаймои низомии навъҳои Cessna 208, AC-208 ва Pilatus PC-12, ки ба онҳо тааллуқ доштанд, тавассути марзи шимолии Афғонистон ба Тоҷикистон расиданд.

Ин халабонҳо дар интизори интиқол ба Амрико ҳастанд. "Толибон" қаблан гуфта буданд, ки дар сурати бозгашт ба онҳо хатаре таҳдид нахоҳад кард, аммо халабонҳо ба ваъдаи онҳо бовар надоранд ва дигар Афғонистонро ҷойи амн намедонанд.

Дар шарқи Туркманистон сокинонро ба пардохти пули барқи яксола маҷбур мекунанд

Кормандони шабакаҳои барқии вилояти Лебапи Туркманистон аз сокинон талаб доранд, ки пули нерӯи барқро барои соли 2021 бо шумули моҳҳои боқимонда пардозанд.

"Кормандони шабакаҳои барқӣ имрӯз хона ба хона гаштанро оғоз карда, гуфтанд, ки пули барқ аз соли оянда гарон мешавад. Ҳамчунин онҳо ҳушдор доданд, ки агар пули барқи имсола пурра пардохт нашавад, соли оянда онро бар асоси нархномаи нав меситонанд", - хабар дод як сокини Лебап ба шарти ифшо нашудани номаш.

Як корманди шабакаҳои барқи Лебап 18-уми октябр ба шарти зикр нашудани номаш гуфт, сокинон дар ҳоли ҳозир барои ҳар 100 киловат барқ 2,5 манати туркӣ мепардозанд ва аз соли оянда 4-манатӣ хоҳанд пардохт.

​Ҳукумати Туркманистон соли 2019 имтиёзҳои иҷтимоӣ барои сокинон аз қабили об, барқ ва гази табии ройгонро бекор кард. Ин қарор моҳи сентябри соли 2018 дар ҷаласаи Шӯрои мардумии Туркманистон гирифта шуд. Мақомот гуфтанд, ки сатҳи зиндагии мардум боло рафтааст.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG