Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Интер" дар майдони худ аз "Бавария" шикаст хӯрд


“Интер”-и Милан дар бозии аввали даври ҳаштякниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои футболи Аврупо дар майдони худ аз тими “Бавария”-и Мюнхен бо натиҷаи 0:1 шикаст хӯрд. Тӯби ягонаро дар дақиқаи охирини ин бозӣ Гомес зад. Гуфтанист, ки соли гузашта “Интер” ва “Бавария” дар даври ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳо ба дидори ҳам рафта буданд ва он бор бахт ба рӯи қаҳрамони Итолиё хандид.
Бозии дигари ин даври рақобатҳо байни “Олимпик”-и Марсел ва “Манчестер Юнайтед” бо натиҷаи мусовии 0:0 анҷом ёфт.
Бозиҳои ҷавобии ин тимҳо рӯзи 15 март хоҳад гузашт.
XS
SM
MD
LG