Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои интихобии олимпӣ шурӯъ мешаванд


Хабаргузории давлатии “Ховар” иттилоъ додааст, ки дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон барои ширкат дар бозиҳои олимпии соли 2012, ки дар Лондон баргузор мешавад, 23-юми феврал бо дастаи мунтахаби Умон нахустин бозии интихобиро анҷом медиҳад. Бозии ҷавобии ин ду даста 9-ӯми март баргузор мешавад. Аз кишварҳои осиёӣ барои ширкат дар бозиҳои олимпии Лондон 35 кишвар рақобат мекунанд. Дар маҷмӯъ аз ин дастаҳо танҳо 3,5 даста барои Олимпиада ба Лондон роҳхат мегиранд.
XS
SM
MD
LG