Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Адиби дигарандеши қазоқ дар Чин даргузашт


Адиби дигарандеши шинохтаи қазоқ Қозиумар Шабдон, дар синни 85-солагӣ дар вилояти Шинҷони Чин даргузаштааст. Ин адиб, ки узви як гурӯҳи махфии ҳомии ҳуқуқи аққалиятҳои миллӣ дар Чин буд, бештар аз 40 соли умрашро дар зиндон сипарӣ кардааст. Дар китоби ӯ бо номи “Ҷиноят”, ки хашми мақомоти Чинро овардааст, ранҷи тақрибан 2 миллион қазоқҳо дар ин кишвар тасвир мешавад. Ӯ барои ҳамин китоб ва талошҳояш барои ҳифзи ҳуқуқи аққалиятҳо дар Чин солҳои тӯлонӣ зиндонӣ карданд. Баъди раҳоиаш дар соли 2001 ӯ то дами маргаш дар ҳабси хонагӣ буд.
XS
SM
MD
LG