Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо пахши як баёния ба эътидоли ҳарчӣ зудтари вазъ дар Миср изҳори умедворӣ кардааст. Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорат, ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, умедворӣ аз он аст, ки дар ин давраи душвор ва сарнавиштсоз мақомоти Миср барои ба маҷрои пешин баргардонидани вазъи кишвар талош мекунанд.
Дар баёния гуфта шудааст, ки Тоҷикистон аз рӯзҳои аввал бӯҳрони сиёсӣ дар кишвари дӯст - Мисрро холисона назорат мекард. Тоҷикистон ин ҳаводисро кори дохилии Миср мехонад, ки дахолати беруна ба он қобили таҳаммул нест, омадааст дар баёния.