Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироаи бастаи нави кӯмакҳои зиддибӯҳронӣ ба Юнон


Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи байнулмилалии пул дар бораи ироаи бастаи нави кӯмакҳои зиддибӯҳронӣ ба Юнон ба маблағи 15 миллиард евро тасмим гирифтанд. Ва аммо дар изҳороти муштараки Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи байнулмилалии пул гуфта шудааст, ки агар татбиқи ислоҳоти андоз ва барномаи хусусигардонии пешниҳоднамудаи ҳукумат ба дарозо кашад, талошҳои Юнон барои бурунрафт аз бӯҳрони молиявӣ ноком хоҳанд шуд.
Соли гузашта тасмим гирифта шуда буд, ки ба хотири наҷоти Юнон аз бӯҳрони молиявӣ 110 миллиард евро ҷудо карда шавад.
XS
SM
MD
LG