Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонии низомиёни Миср аз пешниҳоди Муборак


Низомиёни Миср барномаи таҳвили қудратро, ки раиси ин ҷумҳурӣ Ҳуснӣ Муборак пешниҳод кард, пазируфтаанд. Шӯрои олии низомии Миср гуфт, аз таҳвили бархе салоҳиятҳои Муборак ба ноибаш Умар Сулаймон ҳимоят мекунад. Низомиён ҳамчунин бидуни гуфтани кадом таърихи мушаххас баргузории интихоботи озоду одилонаро дар соли ҷорӣ ваъда додаанд. Онҳо алайҳи ҳар навъ таҳдид ба амнияти миллӣ ҳушдор дода, аз мардум даъват карданд, ба ҳаёти оддӣ баргарданд.
Муборак шаби гузашта эълон кард, ки як бахши салоҳиятҳояшро ба Умар Сулаймон месупорад. Аммо эътирозгарон мегӯянд, рӯзи ҷумъа бо талаби истеъфои билофосилаи Муборак раҳпаймоиҳои нави густарда созмон хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG