Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Wikileaks боз як санади марбут ба Тоҷикистонро нашр кард


Сомонаи Wikileaks боз як номаи маҳрамонаеро, ки аз сафорати Амрико дар Душанбе ба Вошингтон рафтааст, нашр кард. Ин нома ҷузъиёти дидори як дипломати амрикоӣ бо генерал Абдуллоҳ Назаров, муовини вақти кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар поёни соли 2009-ро дар бар мегирад. Генерал Назаров дар ин дидор ба ҷузъиёти амалиёти вижаи зидди афроди Мирзо Зиёев дар ноҳияи Тавилдара пардохта, аз ҷумла гуфтааст, ки дар инҷо дар канори размандагони собиқи мухолифин зархаридони тотору чечену доғистонӣ ва ҳатто кореягӣ меҷангиданд. Абдуллоҳ Назаров ҳамчунин хабар додааст, ки раҳбари Ҳаракати исломии Узбакистон Тоҳир Юлдош 5 ҷангии дигарро ба кумаки ҷангиёни Тавилдара фиристод, вале онҳоро дар марзи Дарвоз боздошт карданд. Ба иддаои генерали тоҷик, ин гурӯҳ қасди анҷоми ҳамлаи террористӣ дар ҳошияи сафорати Амрикоро дошт, то дар Душанбе муҳити тарсу воҳима эҷод шавад. Ӯ бархӯрди шадиди давлат бо диндоронро дуруст номида, афзудааст, дар ғайри ин Тоҷикистон ба як Кашмири дигар табдил хоҳад ёфт.
То ҳол аслияти ин нома аз ҷониби сафорати Амрико ё мақомоти Душанбе таъйид ё такзиб нашудааст.
XS
SM
MD
LG