Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паймони таслиҳотии Амрикову Русия ба иҷро даромад


Амрикову Русия рӯзи шанбе расман паймони нави коҳиши таслиҳоти стротежии ду кишварро дар маърази иҷро қарор доданд. Вузарои хориҷаи Амрикову Русия Ҳилларӣ Клинтон ва Сергей Лавров рӯзи 5 феврал дар Мюнхени Олмон, дар ҳошияи анҷумани солонаи амниятӣ нусхаҳои тасвибшудаи ин паймонро табодул карданд. Тибқи ин паймони мавсум ба START, Русияву Амрико тааҳҳуд супурдаанд, шумори кулоҳакҳои ҳастаии худро ҳар кадом то 1550 адад пойин биоранд. Ин қарордод ҷойгузини паймоне хоҳад шуд, ки замони эътибораш ҳанӯз дар моҳи декабри соли 2009 сар омад.
XS
SM
MD
LG