Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон ҷаҳони Арабро ба ислоҳот ташвиқ кард


Вазири хориҷаи Амрико дар анҷумани солонаи амниятӣ дар Мюнхени Олмон гуфт, ислоҳот як “зарурати стротежӣ”-ест, ки кишварҳои арабиро қавитар ва мардумони ононро пешрафтатар карда, осебпазирии онҳо дар баробари идеологияҳои ифротиро баръакс коҳиш хоҳад дод. Дар ин ҳамоиш бисёре аз раҳбарони Ғарб аз давлати Миср даъват кардаанд, ба талаби эътирозгарон барои ислоҳот гӯш диҳад. Сарвазири Бритониё Девид Камерон гуфт, агар Миср боз ҳам даст ба ислоҳот назанад, ба як давлати барои онҳот нохушоянде табдил хоҳад ёфт.
Садри аъзами Олмон Ангела Меркел низ гуфт, набояд эътирозгаронеро, ки ислоҳот дар Мисрро талаб мекунанд, нодида гирифт: “Хеле муҳим аст, ки озодиҳои умумие, чун озодии матбуот ё озодии ақидаро нафақат дар Аврупо ё Амрико, балкӣ дар Миср ҳам муроот кунанд. Дар Миср бояд ислоҳот шавад. Вале ислоҳот бо роҳе сурат бигирад, ки осоишта ва оқилона бошад.”
Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун дар оғози рӯзи дуввуми ин ҳамоиш фақру тангдастӣ ва ҳамчунин фасод ва камбуди демократияро аз омилҳои бурузи эътирозҳо дар ҷаҳони Араб ном бурд. Дирӯз дабири кулли НАТО Андерс фоғ Расмуссен дар анҷумани Мюнхен ҳушдор дод, ки беназмӣ дар ҷаҳони Араб метавонад низоми ҷаҳониро зери хатари бесуботӣ қарор диҳад.
XS
SM
MD
LG