Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

START имрӯз расман ба иҷро медарояд


Амрикову Русия рӯзи шанбе расман паймони нави коҳиши таслиҳоти стротежии ду кишварро ба иҷро медароранд. Вузарои хориҷаи Амрикову Русия Ҳилларӣ Клинтон ва Сергей Лавров расми табодули нусхаҳои тасвибшудаи ин паймонро рӯзи 5 феврал дар Мюнхени Олмон, дар ҳошияи анҷумани солонаи амниятӣ доир хоҳанд кард. Тибқи ин паймони мавсум ба START, Русияву Амрико тааҳҳуд супурдаанд, шумори кулоҳакҳои ҳастаии худро ҳар кадом то 1550 адад пойин биоранд.
XS
SM
MD
LG