Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Яман тазоҳуроти густардаи эътирозӣ оғоз шудааст.


Имрӯз ҳазорон нафар аз аҳолии Яман дар Санъо-пойтахти ин кишвар ба кӯчаву хиёбонҳо рехтаанд ва бар зидди президент Алӣ Абдулло Солеҳ, ки 30 сол ҳукумат кардааст, эътироз мекунанд. Бо вуҷуди ваъдаҳои Алӣ Абдулло Солеҳ дар бораи пешбарӣ накардани номзадиаш ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ дар интихоботи оянда доманаи ин эътирозҳо густариш пайдо мекунад. Бино ба гузоришҳо, дар маҳаллоти мухталифи Санъо ҳудуди 20 000 нафар ба эътироз баромадаанд. Гузашта аз ин, ҷонибдорони раиси ҷумҳур низ дар майдони марказии пойтахт гиридиҳам омадаанд. Тазоҳуроти эътирозии имрӯзи Яман бузургтарин тазоҳурот арзёбӣ мешавад ва он аз тазоҳуроти ду ҳафта пеши Тунис ва Миср илҳом мегирад.
XS
SM
MD
LG