Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дмитрий Медведев паймони START-ро имзо кард


Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия, қарори тасвиби паймони муҳими коҳиши силоҳҳои атомӣ бо Амрикоро имзо кардааст. Паймони нави коҳиши силоҳҳои стротегӣ, аз Иёлоти Муттаҳида ва Русия мехоҳад, то 7 соли дигар теъдоди мушакҳои фаъоли худро аз 2200 то ба 1550 ададӣ коҳиш диҳанд. Паймони мазкур баъди табодули санадҳои тасвиб миёни ду кишвар ҳукми иҷро мегирад.
XS
SM
MD
LG